Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории низомиёни Русия бо муҳоҷирони тоҷик


Идораи минтақаии Хадамоти Федералии Руссия дар ҳавзаи Урал барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ ёддоштҳои ҳуқуқии махсус таҳия кардааст. Ин ёддошт бо ҳамдастии раёсати иттиҳодияи иҷтимоъии тоҷикони муқими вилояти Свердлов, дар посгоҳи марзии фурудгоҳи Колсовойи шаҳри Екатеринбург ба муҳоҷирин дода мешавад. Раиси иттиҳодияи тоҷикони муқими Свердлов Фаррух Мирзоев ҳамчунин гуфт, як миқдор аз ин ёддоштҳои ҳуқуқӣ чанде пеш ба Душанбе фиристода шуд. Дар Душанбе ёддоштҳо аз тариқи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Тоҷикистон ба муҳоҷироне, ки нияти сафар ба Свердловро доранд, дода мешавад. Ба гуфтаи Фаррух Мирзоев, мақомоти Свердлов вақтҳои ахир ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад, ба далели ин ки дар минтақаи Урали миёна муҳоҷирони Тоҷикистон нисбат ба муҳоҷирини кишварҳои дигар бештаранд ва ҳамчунин аксари низомиёни Русия дар Тоҷикистон аз ҳамин минтақа мебошанд. Ба ҳамин хотир вазорати дифоъи Русия ҳам дар ин кор кӯмак кард.

"Ин ёддошти махсусро мо ҳамроҳ бо вазорати дифои Русия чоп кардем, зеро ситоди пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Екатеринбург қарор дорад ва бисёре аз афсарони ин пойгоҳ зодагони ҳавзаи Урал ҳастанд. Ва вазорати дифои Русия мехоҳад равобит миёни низомиёни пойгоҳи худ ва шаҳрвандони Тоҷикистонро боз ҳам хубтар ба роҳ монад".

Ба гуфтаи Фаррух Мирзоев, дар вилояти Свердлов беш аз сад ҳазор муҳоҷирони Тоҷикистон кор мекунанд. Қаблан бархе аз гурӯҳҳо бо роҳбарии намояндаи Думаи давлатии Русия Евгений Ройзман аз шаҳри Екатеринбург, тоҷиконро ба қочоқи маводи мухаддир бадном карда буданд, вале ахиран рӯзномаву маҷаллаҳо ва радиову телевизиони минтақа дар бораи тоҷикон гузоришҳои хуб интишор мекунанд ва ин иқдом муҳаббати мардуми маҳал ба тоҷиконро зиёд кардааст.

"Ҳоло дар расонаҳои гурӯҳӣ, радио ва телевизиони вилояти Свердлов матолиб ва гузоришу барномаҳои ҷолиб аз ҳаёти тоҷикон , фарҳангу маданияти онҳо нашр мешавад, ки албатта, барои муҳоҷирин боаҳамият аст"

Фаррух Мирзоев дар гуфтугӯи қаблии худ бо радиои Озодӣ хабар дода буд, ки мақомоти вилояти Свердлов барнома доранд барои кор дар бемористонҳои ноҳиявӣ аз Тоҷикистон 300 пизишк даъват кунанд. Вай таъйид кард, ки омодагӣ барои анҷоми даъвати пизишкони тоҷик ба вилояти Свредлов идома дорад.
XS
SM
MD
LG