Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валиев зуҳури "Ватан"-ро ғайриқонунӣ мешуморад


Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон зуҳури ҷиноҳе мавсум ба «Ватан»-ро дар сафи ҲДТ ғайриқонунӣ шуморид ва гуфт, танҳо дар сурати касби 10 %-и орои аъзои ҳизб ин гурӯҳ расман эътироф хоҳад шуд. Масъуд Собиров, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва сарвари ҷиноҳи тозатаъсис бо баргузории як анҷумане ҳамроҳи теъдоде аз аъзои Ҳизби демократ аз таъсиси ҷиноҳи «Ватан» эълом дошт. Ӯ гуфт, гурӯҳи онҳо бо ирсоли як нома ба унвони садорати Ҳизби демократ хостори даъвати Анҷумани навбатии ҳизб шуд. Ба қавли ҷаноби Собиров, фаъолияти ҳизб дар чанд соли ахир ғайримуассир буда ва суфуфи он коҳидаву ҳузури ҳизб дар ҷомеаи кишвар заиф шудааст.
Аммо Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бар ин аст, дар таркиби гурӯҳи мазкур афроде ҳастанд, ки борҳо талоши рахна задан ба суфуфи ҳизбро кардаанд. Вай меафзояд, дар миёни ин гурӯҳ вазирон низ ҳастанд ва имкон дорад, ҳукумат бо дасти инҳо сарнавишти ҳизби сотсиалистиро такрор кунад. Тибқи иттилоъи Ҳизби демократи Тоҷикистон, қарор аст, дар нимаи аввали ҳамин рӯз ҲДТ як нишасти матбуотӣ баргузор кунад ва масъалаи мазкурро барои расонаҳои хабарӣ шарҳ бидиҳад.
XS
SM
MD
LG