Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли газ ба манзили сокинони Суғд коҳиш меёбад


Идораи «Суғдгаз» тасмим гирифтааст рӯзҳои наздик меъёри интиқоли гази табиӣ ба манзили сокинони ин вилоятро коҳиш диҳад. Дар фасли сармо, шурӯъ аз моҳи январ газ ба манзилҳои одамон дар субҳу шом дар давоми 2 – 3 соатӣ дода мешуд. Мувофиқи меъёри нав интиқоли газ танҳо бегоҳӣ дар давоми 2 - 3 соат мадди назар аст. Дар ҳоле ки намояндаи масъули «Суғдгаз» мегӯяд, ин кор бо амри идораи «Тоҷикгаз» сурат мегирад, масъули «Тоҷикгаз» дар вилояти Суғд, ин амалро иқдоме барои коҳиши воми истифодабарандагони газ арзёбӣ мекунад.
Абдумубин Исоев – сармуҳандиси идораи «Суғдгаз» сабаби кам кардани меъёри интиқоли газ ба манзили сокинони Суғдро дар рӯзи сешанбеи 5 – уми апрел ингуна шарҳ дод:
«Рӯзи гузашта идораи «Тоҷикгаз» идораи моро бо барқия расман огоҳ кард, ки аз ин ба баъд шабонарӯзӣ барои ҳафт шаҳру ноҳияи тобеъи «Суғдгаз» аз Ӯзбакистон 130 ҳазор метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард. Акнун мо маҷбурем, ки меъёрро шадидтар карда, танҳо дар байни соатҳои 5 – 8 – и бегоҳ ба аҳолӣ газ интиқол кунем. Вале имкони субҳ додани газро надорем.»
Ҷаноби Исоев афзуд:
«Тоҷикгаз» ба хотири коҳиши қарзи худ барои хариди газ аз идораи «Узтрансгаз» - и Узбакистон, ки дар ҳоли кунунӣ 3 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, меъёри гирифтани газ аз ин кишварро кам кардааст. Вале ба гуфтаи масъули идораи «Суғдгаз» бар дӯши истифодабарандагони вилоят қисми ками маблағи вом аз Узбакистон рост меояд :
«Дар давоми се моҳи гузашта дар 7 шаҳру ноҳияи тобеъи «Суғдгаз» беш аз 18 миллион метри мукааб газ ба маблағи наздики 4 миллион сомонӣ аз ҷониби истеъмолкунандагон истифода гардид, аммо бист дар сади ин маблағ пардохта нашудааст.»
Аммо Абдулфайз Хушдилов – намояндаи идораи «Тоҷикгаз» дар Суғд қарзи идораи «Суғдгаз» - ро дар семоҳа беш аз 1 миллион сомонӣ хонд. Ӯ дар дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ афзуд, иқдоми кам кардани меъёри интиқоли газ ба манзили сокинони минтақаи шимолии Тоҷикистон барои коҳиши воми афзояндаи истифодабарандагони газ сурат гирифтааст. Вай афзуд, минтақаҳое, ки қарзи худро пардохт мекунад, метавонад бидуни меъёри муайян, бемаҳдуд газ бигирад.
XS
SM
MD
LG