Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Русия ба тавонмандии марзбонони тоҷик


Виктор Черкесов гуфт, баъди он ки назорати марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузашт, қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба маротиб афзоиш ёфт. Раиси Хадамоти федероли Русия дар назорат ба гардиши маводи мухаддир ин нуктаро дар нишасти хабарӣ дар Еревон, пойтахти Арманистон ба думболи нишасти намояндагони Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои ҳамсуд зикр кард. Черкесов тавонмандии нирӯҳои марзбони Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз мавҷи қочоқ зери шубҳа гузошт ва гуфт, ҳузури марзбонони Русия дар сарҳади Афғонистон як омили муҳими пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир буд.Раиси Хадамоти федероли Русия афзуд, бояд кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба марзбонони тоҷик дар ин ҷабҳа кӯмак кунанд. Ин бори дуввум аст, ки Черкесов марзбонони тоҷикро таҳти танқид қарор медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо чунин иддаъоҳоро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG