Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди раиси "Газпром" аз Тоҷикистон


Алексей Миллер, раиси ширкати «Газпром»-и Русия рӯзи сешанбе (28 март) пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурӣ ва Оқил Оқилов - нахуствазири Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, дар ин дидорҳо масоили ҳузури ширкати «Газпром» дар бозори нафту гози Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доштааст. Раиси ширкати «Газпром» гуфт, ин ширкат ҷиддан тасмим гирифтааст дар ин роҳ дар Тоҷикистон гомҳои амалӣ бардорад ва дар чорчӯби буҷаи «Газпром» ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тахсиси маблағ сурат гирифтааст. Ҳамакнун, бино бар гуфтаи Алексей Миллер, чизи аслии дигар он аст, ки бояд заминаҳои ҳуқуқӣ ва чигунагии наҳваи сармоягузории «Газпром» дар бахшҳои истихроҷи нафту гози Тоҷикистон муъайян шавад.
Баъд аз зуҳри сешанбе миёни ширкати "Газпром" ва Вазорати энержии Тоҷикистон дар мавриди ташкили як корхонаи муштарак тавофуқе ба имзо расид. Қарор аст корхонаи мазкур дар заминаи як ширкати саҳҳомии пӯшида бо саҳми 75 %-и Русия ва 25 %-и Тоҷикистон ташкил ёбад. Пешбурди умури иктишофӣ, кашфи чоҳҳои тозаи гозу нафт ва фароварии онҳо дар қаламрави Тоҷикистон аз самтҳои умдаи фаъолияти ин корхона дар оянда унвон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Оқил Оқилов - нахуствазири Тоҷикистон гуфт, қарор аст фаъъолияти ин корхонаи муштарак дар заминаи фароварии захоири чаҳор кони гоз дар ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ ва Фархору Данғара роҳандозӣ шавад. Омори расмии Вазорати энержии Тоҷикистон захоири нафту гози мавҷуд дар ҳудуди ин кишварро 900 милёрд метри мукаъаб баровард мекунад. Аммо гуфта мешавад, бинобар сурат нагирифтани сармоягузории лозим ва ҳамчунин ақибуфтодагии саноеъи нафту гоз дар ин кишвар, Тоҷикистон аз замони касби истиқлол то кунун натавонистааст дар амри роҳандозии кашфу истихроҷи манобеъи гозу нафти худ кори қобили мулоҳизае анҷом диҳад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG