Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ёриҳои ISTC ба олимони тоҷик


Роналд Леман, раиси Шӯрои мудирони Маркази байналмилалии илмиву фаннии ISTC бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва дар мавриди ҳамкориҳои ояндаи ин ниҳод бо Тоҷикистон табодули афкор намуд. Вай баъд аз анҷоми ин мулоқот гуфт, бо пуштибонии молии Маркази байналмилалии илмиву фаннӣ аллакай 14 барномаи махсус дар 18 пажӯҳишгоҳи илмии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор гирифтааст. Ин барномаҳо самтҳои мухталифи ҳамкории илмӣ, аз ҷумла бахшҳои ҳифзи муҳити зист, зилзилашиносӣ ва улуми астрофизикизиро дар бар мегирифтаанд. Ҷаноби Леман гуфт, барои иҷрои тарҳҳои мазкур Марказ беш аз 3 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Раиси Шӯрои мудирони Маркази байналмилалии илмиву фаннӣ гуфт, ҳафтаи равон дар Маскав нишасти навбатии ин Шӯро баргузор мегардад ва дар он 30 барномаи ҷадид, ба шумули чанд барномаи вижа барои Тоҷикистон ҳам мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ҳамин ҳол, Мамадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз барномаҳои Маркази байналмилалии илмиву фаннӣ дар ин кишвар истиқбол намуд ва гуфт, бо кӯмаки ин марказ дар назар аст, ҷиҳати ташвиқ ва дастгирии олимони ҷавони тоҷик барномаҳои алоҳида роҳандозӣ шавад. Тоҷикистон аз соли 1997 узви Маркази байналмилалии илмиву фаннӣ -I STC мебошад. Қарор аст, соли равон ин марказ дар Душанбе бахши минтақавии худ доир ба Тоҷикистонро ифтитоҳ намояд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG