Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии нави эътирозӣ дар пойтахти Беларус


Имрӯз ҳазорон нафар бо ташкили раҳпаймоии эътирозӣ дар пойтахти Беларус шаҳри Минск истеъфои раисиҷумҳур Александр Лукашенкоро талаб гузоштанд. Ин раҳпаймоӣ бабъди чанд соат хотима ёфтааст. Раҳбари мухолифин Александр Милинкевич ба издиҳоми гирдиҳамомада дар майдони Янка Купала дар бораи таъсиси як ҷумбиши мардумӣ барои озодии Беларус хабар дод.

Ибтидо қарор буд, раҳпаймоӣ дар майдони Октябр доир шавад. Вале нирӯҳои милиса монеъи вуруди издиҳом ба ин майдон шуданд. Тазоҳургарон алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 19 март, ки бар асоси шумориши расмӣ, бо пирӯзии раисиҷумҳури кунунӣ Александр Лукашенко анҷом ёфт, эътироз мекунанд. Онҳо мегӯянд, интихобот пур аз тахаллуф буд. Ҷомиаи байналмилалӣ ҳам интихоботи Беларусро муноқиз бо меъёрҳои демократӣ баҳо додааст.

Александр Милинкевич имрӯз ба хабарнигорон гуфт: "Бо чунин усул намешавад ба кишвар раҳбарӣ кард. Гуфтугӯ ва ҳамкорӣ бояд бошад. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки ин чист. Ин охирин имтиҳон ва охирин ҳушдор аст. Аммо ман ваълда медиҳам, ки ҳама кор ба сурати осоишта, бидуни гирифтани Бастилия хоҳад гузашт."

Нирӯҳои милиса рӯзи ҷумъа баъди чанд рӯзи гирдиҳамоиҳо майдони Октябрро аз эътирозгарон тоза карда, беш аз 200 нафарро зимни ин амалиёт боздошт карданд. Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Амрико иқдоми милиса алайҳи тазоҳургарон дар пойтахти Беларусро маҳкум ва таҳдид карданд, ки алайҳи мақомоти он кишвар таҳримот ҷорӣ мекунанд. Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров бо дифоъ аз амалиёти нирӯҳои милисаи Беларус нозирони САҲА-ро ба таҳрик додани танишҳои ахир дар Беларус айбдор кардааст.

Ва созмони "Хабарнигорони Бидуни Марз", мақараш дар Порис мегӯяд, тайи як ҳафтаи охир дар Беларус 22 хабарнигор боздошт шуда, 13 нафар ҳамчунон дар боздошт қарор доранд.
XS
SM
MD
LG