Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белорус: Мухолифин дар майдон боқӣ мемонанд


Беш аз 300 пуштибони нирӯҳои мухолифини Белорус имрӯз ҳам намоиши эътирозии худро алайҳи натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар идома доданд. Мухолифин мегӯянд, ки мақомоти Белорус ба тақаллуби натиҷаҳои интихобот даст задаанд, то ки пирӯзии Александр Лукашенкоро таъмин намоянд. Лукашенко барои бори сеюм ба курсии рабҳарии давлати Белорус роҳ ёфт. Александр Милинкевич, номзади аслии нирӯҳои мухолифин натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбе, 19-уми мартро танқид карда онро ғайриқонунӣ эълон намуд ва аз пуштибононаш даъват кард, ба хотири бекор шудани натиҷаҳои интихобот ба муборизаи бардавом омода бошанд:

"Мо дар ин майдон боқӣ хоҳем монд. Ин майдон аз мост. Ин хоки белорусӣ аст. Мо шаби гузашта дар ин ҷо будем ва муборизаро барои дастёбӣ ба ҳақиқат ва озодӣ шурӯъ кардем. Барои адолат! Барои Ҳақиқат!"

Ташаббускорони ин гирдиҳамоӣ мегӯянд, ки полис 108 нафар, бо шумули ёварони наздики Милинкевичро боздошт кардааст. Имрӯз Украина, ки як сол муқаддам дар пайи эътирозҳои мардумӣ нирӯҳои мухолифинро ба қудрат овард, аз мақомоти Белорус даъват намуд аз истифодаи нирӯ алайҳи эътирозгарон худдорӣ варзанд. Васил Филиппчик, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ин кишвар гуфт, Украина мисли дигар бахши ҷомеаи ҷаҳонӣ аз натиҷаҳои ғариодилонаву ноозоди интихоботи Белорус изҳори нигаронӣ мекунад, аммо даъватҳои бархе давлатҳои Ғарбиро пуштибонӣ намекунад, ки хоҳони муҷозот шудани Белорус ҳастанд.
XS
SM
MD
LG