Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо дар Тоҷикистон ба интихоботи Белорус


Сафрагули Олимӣ

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов гуфт, натиҷаҳои интихоботи президентии Белорус дар муносибати Тоҷикистон ба ин кишвар дигаргуние ба миён наовардааст. Вай афзуд: "Тоҷикистон дар робитаҳои хориҷии худ ҳамеша тарафдори ҳамкории рӯзафзун бо кишварҳои шӯравии собиқ ва ҳоло узви Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд буд ва ҳаст. Аммо интихоби президент ин кори мардуми он кишвар аст."
Вале Раҳматулло Валиев, ноиби раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) мегӯяд, дар интихоботи Белорус қонуншиканиҳои зиёде ба амал омад, ки ба ояндаи ҳокимияти Александр Лукашенко таъсири манфӣ хоҳад дошт: "Маълум аст, ки дар як кишвари аврупоӣ 82 дарсад рой гирифтани Лукашенко шубҳаомез аст, аслан душвор аст."
Шокирҷон Ҳакимов, ноиби раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд: "Ниҳодҳои фанноварии сиёсӣ ва расонаҳои гурӯҳии Русия ҳамагӣ ба фоидаи Лукашенко кор бурда, афкори ҷамъиятиеро ба вуҷуд оварданд, ки ӯ бояд боз интихоб шавад. Вале дар мавриди Тоҷикистон набояд чунин таҷриба қобили қабул бошад ва баракс интихоботи мо бояд бе чунин камбудиҳо ҷараён гирад."
Сафаргули Олимӣ, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG