Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус имрӯз интихобот дорад


Имрӯз дар Беларус бо ширкати 4 номзад, аз ҷумла президенти феълиаш Александр Лукашенко интихоботи раёсатҷумҳурӣ доир мешавад. Лукашенко ба ин тартиб барои бори севвум муддаии курси раҳбарии Беларус шудааст. Барои дарёфти ин мақом 3 номзади дигар, ки дуяш намояндаи мухолифинанд, низ вориди рақобат мешаванд.

Шоми дирӯз дар пойтахти Беларус бо даъвати мухолифин як консерти рок баргузор шуд, ки дар он бештар дар васфи озодӣ тарона мехонданд. Номзади мухолифин дар интихоботи имрӯза Александр Милинкевич аз ҳудуди 6000 нафар издиҳоми гирдиҳамомада дар Минск даъват кард, дар пайи раъйгирӣ ба хотири дифоъ аз раъйи худ ба хиёбонҳо бирезанд. Аммо раиси КМИ Беларус Лидия Ермошина дирӯз Милинкевичро аз баргузории ҳар навъ тазоҳуроти ғайримуҷоз дар рӯзи интихобот ҳушдор дод ва гуфт, чунин амал авоқиби ғайриқобилипешгӯиро дар пай дошта метавонад.

Мухолифин раисиҷумҳури кунунии Беларус Александр Лукашенкоро муттаҳам мекунанд, ки мехоҳад бо роҳи тақаллуби натоиҷи интихоботи имрӯза курсии худро ҳифз карда, ҷилави ҳар навъ эътироз ба ин нақшаро бигирад.
Таҳлилгарон эҳтимоли мунсифона доир шудани интихоботи Беларусро машкук меҳисобанд.
XS
SM
MD
LG