Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт нафар дар Узбакистон зиндонӣ шуданд


Гузоришҳои расида аз Узбакистон ҳокист, ки мақомоти он кишвар ҳашт танро ба ҷурми узвият дар як гурӯҳи мамнӯъаи исломӣ равонаи зиндон кардаанд.

Сурат Икромов - раиси Гурӯҳи ибтикории мудофеъони ҳуқуқ мегӯяд, ки додгоҳе дар Тошканд рӯзи душанбе (13 март) ҳашт нафарро то ба шаш сол зиндон маҳкум кардааст.

Ҳамаи ҳашт фарди маҳкумшуда муттаҳам ба тарғиби ваҳҳобият буданд.

Оқои Икромов гуфт, ки бино ба иддаъои ин ҳашт нафар, онҳо бар асари шиканҷа маҷбур ба додани эътирофот шуда буданд.

Мақомоти Узбакистон дар баробари гурӯҳҳое, ки ба гумони онҳо дар фаъъолиятҳои ифротгароёна даст доранд, кӯчактарин таҳаммул нишон намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG