Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори физояндаи байналмилалӣ бар давлати Туркманистон


Имрӯз гурӯҳи мудофеъи ҳуқуқи башари мавсум ба "Мемориал" мустақар дар Маскав дар мавриди боздошти ду гузоришгари RFE/RL дар Туркманистон изҳори нигаронӣ кард.

Виталий Пономарёв - мудири барномаи осиёимиёнаии созмони "Мемориал" гуфт, ки Мурод Ҳуммадов ва Ҷумъадурдӣ Овезов ҳафтаи гузашта тавассути пулиси туркман дастгир шуданд ва бастагони ҳич кадом то кунун аз онҳо хабаре надоранд. Вай гуфт, ки аз ин ду хабарнигор дар боздоштгоҳи маҳаллии пулис нигаҳдорӣ намешавад.

Оқои Пономарёв афзуд, ки бино ба иттилоъи созмони вай, ҳар ду хабарнигор ба Вазорати амнияти миллии Туркманистон таҳвил дода шудаанд. Ин вазоратхона вориси КГБ-и аҳди шӯравист.

Ба гуфтаи оқои Пономарёв, ҳар ду хабарнигор дар бораи вазъияти иҷтимоъӣ дар Туркманистон, шикасту рехтҳои системи омӯзишу парвариш ва мубоҳисоти ахир бар сари коҳиши теъдоди бознишастагон гузориш медоданд.
Ва аммо дар Вен Дарла Орлова аз Муассисаи Байналмилалии Матбуъот ба Родю Озодӣ гуфт:

"Мо фикр мекунем, ки ин як мавриди бисёр нигаронкунанда аст ва ба бовари мо, бояд ба оқоён Хуммадов ва Овезов иҷоза дод, ки фаъолияти хабарнигории худро пай бигиранд. Онҳо бояд раҳо шаванд ва далели боздошти онҳо бояд равшан шавад. Зеро то он ҷо ки мо медонем, касе хабар надорад, ки чаро ин ду нафар аслан боздошт шудаанд".

Созмони Афви Байналмилал низ дар баёнияи имрӯзи худ изҳори нигаронӣ кард, ки "аз замони боздошти ду хабарнигор то кунун аз онҳо ҳич хабаре нест" ва ин ки онҳо "дар маърази хатари шиканҷаву бадрафторӣ ба сар мебаранд". Ҳамин созмон афзуд, ки оқоён Хуммадов ва Овезов ба хотири истифода аз озодии виждонашон зиндонӣ шудаанд ва ин ки "хабарнигорони Радиои Озодӣ дар гузашта низ амдан ба хотири гузоришҳояшон ҳадафи мақомоти Туркманистон қарор гирифтаанд".

Созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" низ имрӯз дар ин бора баёнияе мунташир кард. Ин созмони мустақар дар Порис мегӯяд, ки "фиқдони комили иттилоъот дар бораи далоил ва шароити боздошти ин хабарнигорон аз набуди шаффофият дар Туркманистон тасвири комиле ба даст медиҳад". Ин гурӯҳ зимни мазаммати шеваҳои, ба гуфтаи он, "саркӯбгарона" хостори озодии бедиранги хабарнигорон шудааст.

Рӯзи душанбе (13 март) Федеросюни Байналмилалии Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки ва Гурӯҳи Туркмании Ибтикори Ҳуқуқи Башар номаи саргушодаи муштараке мунташир карданд. Дар он нома омадааст, ки "хабарнигорони родю Озодӣ, ба унвони танҳо сарчашмаи мустақилли хабар дар кишвар, пайваста мавриди озору азияти мақомоти туркман қарор мегиранд". Дар идомаи ин нома омадааст, ки боздоштҳои ахир "танҳо мавориди ҳамла ба озодии баён ва рӯзноманигорон дар Туркманистон" набудааст.

Рейчел Денбер - кафили мақоми раёсати бахши Аврупо ва Осиёи Миёнаи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар нигаронии ин созмон дар мавриди сарнавишти хабарнигорони туркманро иброз кард:

"Мо амиқан нигарони сарнавишти хабарнигорони Родю Озодӣ ҳастем, ки ҳафтаи гузашта боздошт шуданд. Мо хабаре надорем, ки бар сари он ду хабарнигор чи омада ва изтироби мо мусалламан ин аст, ки ҳамакнун онҳо куҷо ҳастанд ва дар боздошт бо онҳо чи гуна рафтор мешавад. Мо аз давлати Туркманистон мехоҳем, ки маҳалли будубоши хабарнигорони боздоштиро фавран эълом кунад ва бедиранг онҳоро озод созад".

Дар гузашта давлати Туркманистон ин навъ гилояҳоро рад мекард. Аммо акнун гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар умедворанд, ки бо ташрики масоъӣ ва ҳамраъии дигар созмонҳо бар давлати Туркманистон фишори бештар ворид кунанд, то ҳадди ақал посухи пурсишҳои худро бишнаванд. Дарла Орлова аз Муассисаи Байналмилалии Матбуъот:

"Мо ба давлати Туркманистон дархостнома хоҳем фиристод ва ҷомеъаи байналмилалиро аз вазъияти рӯзноманигорон дар он кишвар огоҳ мекунем, то ҳимояти байналмилалӣ аз онҳо фароҳам шавад".

Федеросюни Ҳелсинки ва Гурӯҳи туркмании ибтикори ҳуқуқи башар дар номаи худ аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо хостаанд, ки даргири ин масъала шавад. Дар ин нома омадааст, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо "бояд мутаваҷҷеҳи вазъияти бади ҳуқуқи башар дар Туркманистон бошад", ки як узви ин созмон аст ва ин ки Шӯрои Доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо бояд ин мавзӯъро вориди дастури кори наздиктарин нишасти худ созад.
XS
SM
MD
LG