Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белорус вуруди нозирони интихоботии гурҷиро манъ кард


Имрӯз давлати Белорус монеъ аз ҳузури нозирони гурҷӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар шуд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус рӯзи якшанбеи оянда (19 март) баргузор хоҳад шуд.


Додситони шаҳри Минск гуфт, ки дафтари вай вуруди нозирони гурҷиро манъ кардааст, зеро ба гуфтаи вай, онҳо амнияти миллии Белорусро таҳдид мекунанд.


Нозирони гурҷӣ аз ҷумлаи аъзои гурӯҳи демукротики "Кмара" ("Басанда") будаанд.


Раъйгирии пеш аз мавъиди интихоботи Белорус имрӯз оғоз шуд. Аляксандр Лукашенко - раисиҷумҳурии худкомаи Белорус барои севвумин давраи пайиҳам номзадии худро ба ин мақом пешбарӣ кардааст.


Дар ҳоле ки расонаҳои мустақил ва мухолифони давлат дар Белорус бо саркӯби давлат мувоҷеҳанд, гурӯҳҳои мухолиф, мудофеъони ҳуқуқи башар, Иттиҳодияи Урупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико мегӯянд, ки интизор надоранд дар Белорус интихоботе озоду мунсифона сурат бигирад.


Додгоҳе дар Минск рӯзи душанбе (13 март) панҷ фаъъоли ҷунбишҳои демукротики Укроинро ба хотири ширкат дар як роҳпаймоии ғайримуҷоз ба 10 рӯз зиндон маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG