Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ соли интизор



Ба гуфти бобои Саидаҳмад, ӯ ҳоло дар бистари беморист ва дигар наметавонад рӯзгори се набераву модари онҳоро худро таъмин намояд. Вақте ман ҳамроҳи Бобои Саидаҳмад сӯҳбат мекардам, дар атрофи сандалии чубӣ наберагони ӯ ҷамъ омада буданд ва мисли он ки ман аз назди падарашон омадаву дар бораи он сухан мегӯям, бо таваҷҷӯҳи зиёд ба ман менгигаристанд.
Алиакбар, писари хурдии Ёрмаҳмад, чеҳраи падар дар хотираш набуда ва ӯро танҳо аз рӯи аксҳояш мешинохтааст. Алиакбар мегӯяд:

« Як рӯз бо ҷӯраам ҷанг кардам, маро бепадар гуфт. Гирякунон пеши очам омадаму пурсидам, ки падари ман дар куҷост, ӯ гуфт, ки падарат дар Русия. Ман орзу дорам, ки отам биёяду ман ӯро бинам. Вақти рафтани отам ман дусола будам ва ӯро ёд надорам.»

Бахтиёр, писари калонии Ёрмаҳмад аз падараш хоҳиш мекунад :
«-ки ба пеши мо биёяд. Ман ҳамин қадар ёд дорам , ки вақти хоб дар ҷойгаҳ бо ӯ гуштӣ мегирифтам ва ҳар хел бозиҳо мекардам. Ҳозир орзу дорам, ки аққалан як бор биёяд..

Писари дуввуми Ёрмаҳмад, Қурбоналии ёздаҳсола акси падарашро ба синааш пахш намуда, бо сари хам гиря мекард:

«Дар сари мактаб, сентябр на куртаю на туфлӣ доштем. Зиқ мешудем, баъд очам мерафт аз холаам пул қарз мекарду либос мехарид.»

Қурбоналиро гиря гулугир мекунад ва дигар суханонаш ногуфта мемонанд.
Дар ҳамин ҳол хонум Заъфармо, ҳамсари Ёрмаҳмад мегӯяд, дар давоми нуҳ соли набудани шавҳараш тамоми мушкилоти рӯзгор бар души ӯ будааст ва дар бештари мавридҳо бинобар камбуди рӯзгор наметавонистааст талаботи фарзандонашро қонеъ гардонад.

«Он вақт фарзанзандони ман хурд буданд, писари писари калониам шашсола, дуюмаш панҷсола ва сеюмаш дусола буд. Вақте ягон одам аз Русия меояд, фарзандони ман мегӯянд, ки оё падари мо ҳам мисли падари ҳамсояамон ягон рӯз меомада бошад ва мо низ ҳамин хел рӯзи хушро медида бошем.»

Ба хотири огоҳ намудани Ёрмаҳмад аз аҳволи падари раҳинтизораш ва шунидани дархости тифлакони падарсуроғаш мо аз бобои Саидаҳмад рақами телефони ӯро гирифтему хостем бо ӯ мустақиман дар тамос шавем, вале муваффақ нашудем. Телефони ӯ зоҳиран қатъ карда шудааст.
Телефон ҷавоб намедиҳад, вале ҳамоно бобои Саидаҳмад ҳар рӯзу ҳар шабро ба умеди аз дар даромадани писараш ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG