Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Милошевичро боз мекунанд


Карла Дел Понте-раҳбари муфаттишони СММ дар додгоҳи Ҳейг гуфтааст, даргузашти Слободан Милошевич-собиқ раиси ҷумҳури Югословӣ додхоҳони адолатро ноумед кардааст. Вай имруз зимни суханони худ дар Ҳейг гуфт, баъид ба назар мерасад, ки Молишевич худкушӣ карда бошад. Аммо вай гуфт, даргузашти Милошевич боздошти Родован Карачич ва Радко Младич-раҳбарони сербҳои Боснияро, ки даст ба қатли ом зада буданд, суръат хоҳад бахшид. Ба гуфтаи Карла Дел Понте мунтазир бояд буд, то баъд аз боз кардани ҷасади Милошевич натиҷаҳои муъоинаи тиббӣ рушан шавад. Табибони Сербистон низ як ҷо бо табибони Ҳулланд дар амалиёти боз кардани ҷасади Милошевич ширкат меҷуянд. Слободан Милошевич дар зиндони ин додгоҳ змоне даргузашт, ки то поёни мурофиа як моҳи дигар боқӣ монда буд. Милошевичи 64 сола аз бемории қалб ва фишори баланди хун ранҷ мебурд. Зиндонбонон як рузи пеш ҷасади беҷони уро дар зиндон дар утоқи хобаш пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG