Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони Сибқатуллоҳи Муҷаддадӣ


Сибқатуллоҳи Муҷаддадӣ - раиси Маҷлиси болоии порламони Афғонистон ва ҳамзамон раиси Кумисюни мусолиҳаи миллии ин кишвар аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурдааст. Дар як бамгузории интиҳорӣ, ки бар зидди Муҷаддадӣ анҷом гирифт, ду бамгузор ва ду нафари дигар кушта шудаанд. Муҷаддадӣ ҳамчунин раёсати кумисюни мусолиҳаи миллӣ бо Толибонро низ бар ӯҳда дорад. Моҳи гузашта ҳайати давлатиро дар музокирот бо тазоҳуркунандагони зиндони пули Чархӣ бар уҳда дошт. Вай ҳудуди 15 соли пеш нахустин раиси ҷумҳури давлати муҷоҳидин буд. Бино ба хабарҳое, ки имруз расид, як мошини бамгузоришуда ба корвони мошинҳои раиси Маҷлиси болоии порламони Афғонистон наздик ва мунфаҷир шудааст. Масъулияти ин сӯиқасдро касе ё гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст. Вале Муҷаддадӣ баъд аз ин ҳодиса дар Кобул ба рузноманигорон гуфтааст, ки ба иттилоъи вай, ICI ё Хадамоти кашфи Покистон ба нақша гирифта будааст, ки ӯро ба қатл расонад. Муҷаддадӣ афзудааст, дар ин ҳодиса, дар оташи инфиҷор дасту рӯяш сӯхтааст. Аз сӯи дигар, Тасним Аслам-сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон суханони Сибқатуллоҳи Муҷаддадиро дар бораи нақши Хадамоти кашфи Покистон беасос хондааст.
XS
SM
MD
LG