Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон пешниҳоди Маскавро рад кард


Иёлоти муттаҳида пешниҳоди Русияро барои музокирот дар атрофи барномаи ҳаставии Эрон дар арафаи нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал рад кард. Дар ин бора муовини Котиби давлатии Амрико Николас Бёрнс ба хабарнигорон дар Вашингтон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки мавзӯъи барномаи ҳаставии Эрон бояд аввалҳои ҳафтаи оянда дар Шӯрои амнияти Созмони милал баррасӣ шавад.
Ин изҳорот ба думболи пешниҳоди вазираи хориҷаи Русия Сергей Лавров пахш шуд, ки ба доир намудани гуфтушуниди Чин, Русия, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти муттаҳида ба хотири пайдо кардани ҳалли мушкили барномаи ҳаставии Эрон то баррасии комил дар Шӯрои амният даъват карда буд. Ба иттилоъи хабаргузории Ассошейтед Пресс, ду рӯз боз панҷ узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид - Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса ва Чин баррасии мавзӯъи вокуниш ба бӯҳрони ҳаставии Эронро идома медиҳанд. Баррасии мавзӯъ рӯзи шанбе ҳам идома хоҳад кард.
Рӯзи ҷумъа Ҷорҷ Буш - президенти Иёлоти муттаҳида бори дигар изҳор намуд, ки барномаи ҳаставии Эрон барои амнияти миллии Амрико хатар дорад:

Раисиҷумҳури Эрон дар бораи аз байн бурдани ҳампаймони мо Исроил изҳорот пахш кард. Ҳамин тариқ, вақте шумо ба ҳарфҳои ӯ гӯш медиҳед ва талошҳояшро барои дарёфти силоҳи ҳаставӣ арзёбӣ мекунед, дарк мекунед, ки гап сари мушкили ҷиддии амнияти миллӣ меравад.

Рӯзи ҷумъа Ҷон Болтон, сафири Иёлоти муттаҳида дар Созмони милал гуфта буд, ки кишвараш ба Шӯрои амният фишор хоҳад овард, то дар посух ба кӯшишҳои Эрон дар дастёбӣ ба силоҳи ҳаставӣ изҳороти шадидуллаҳне нашр кунад.
XS
SM
MD
LG