Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Роҳи Абрешим" хароб мешавад


шаҳри Душанбе

Даҳҳо фурушанда ва дукондорони бозори Роҳи Абрешим, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе ба нишони эътироз ба тасмими шаҳрдорӣ дар мавриди аз миён бардоштани бозор дар саҳни он ҷамъ омаданд, вале ба зудӣ кормандони пулис онҳоро пароканда карданд.
Тибқи иттилоъи шаҳрдорӣ, субҳи рузи душанбе дар як ҷаласа бо ширкати намояндагони бозори Роҳи Абрешим қарори ҳукумати пойтахт мунташир шудааст. Дар он омадааст, ки бозори мазкур ғайриқонунӣ ва дар ҷои як кудакистон сохта шудааст. Ба соҳибкорон ва дукондорон муҳлат дода шудааст, ки дар ду моҳи оянда, яъне то 6-уми майи соли равон дуконҳои худро тарк кунанд.Тибқи иттилоъи шаҳрдорӣ, ин тасмим бар асоси пешниҳоди Додситонии шаҳр ва пешниҳоди Додгоҳ олии иқтисодии Тоҷикистон интишор ёфтааст.
Тибқи ин қарор, дар ҷои бозор кудакистон ва як меҳмонхона бунёд хоҳад шуд. Бар асоси хабари раёсати бозорҳои шаҳр, рузи душанбе як куммисиюн таъсис ёфт ва он маъалаи ба бозорҳои дигар интиқол додани коло ва моли соҳибкорону дукондорони ин бозорро баррасӣ мекунад. Бо ин вуҷуд, чунин вазъ боъиси нигаронии фурушандаҳо шудааст ва онҳо намедонанд, ки барои дуконҳои худ муассисае ё созмоне ҷубронпулӣ хоҳад дод ва ё ба ҷои ин дуконҳо фурушандаҳо дар бозорҳои дигар соҳиби дукон хоҳанд шуд ё хайр. Ба ин суолҳо ҳануз идораҳои масъул посух надодаанд. Бештар аз ҳар каси дигар ононе нигаронанд, ки ба тозагӣ дар бозори Роҳи Абрешим дукон харидаанд ва молиёт пардохт кардаанд. Онҳо намедонанд чӣ гуна ва кӣ маблағи масрафкардаашонро ҷуброн мекунад. Бозори мазкур 13 сол қабл бунёд шуд ва ба зудӣба яке аз бозорҳои аслии шаҳри Душанбе табдил ёфт.

Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG