Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Ирон то куҷо хоҳад расид?


Рузи душанбе Шурои Мудирони Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ дар Вена мулоқоти худро оғоз кард, то барномаи ҳастаии Иронро баррасӣ кунад. Ирон то ҳол саркашӣ мекунад, ки фаъолиятҳои худро барои тавлиди сухти ҳастаӣ қатъ намекунад. Дар оғози мулоқоти мудирон Маҳаммад Ал Бародеӣ-раиси ожонси мазкур суханронӣ кард ва гуфт, вай умедвор аст, ки дар зарфи як ҳафта бо Ирон тавофуқ ба даст ояд. Вале вай афзуд мехоҳад аз фаъолиятҳои воқеъии Ирон дар ин замина маълумоти дақиқ дошта бошад. Ба гуфтаи оқои Бародеӣ, бояд Ожонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ ба асноди зарурӣ дар Ирон дастрасӣ дошта бошад ва битавонад бо мардум дар ин замина гуфтугу кунад. Қабл аз оғози ин мулоқот Алӣ Лориҷонӣ-раҳари ҳайати Ирон рузи якшанбе гуфт, агар Шурои Мудирони Ожонс парвандаи Иронро барои баррасӣ ба Шурои Амнияти СММ бифиристад, дар он сурат Ирон ҳамаҷониба ба ғанисозии урониюм шуруъ мекунад. Ҷон Болтон-намояндаи Амрико дар СММ мегуяд, агар Ирон ба ғанисозии урониюм машғул шавад, дар он сурат ба пайомадҳои ба истилоҳ шадиду ҷиддӣ ру ба ру хоҳад шуд. Гуруҳе аз кишварҳои Ғарбӣ, ба шумули Амрико, аз Ирон тақозо кардаанд, ки фаъолиятҳои худро дар заминаи ғанисозии урониюм қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG