Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google тоҷикӣ ҳарф мезанад


Сафҳаи маъруфи ҷустуҷӯии Google ҳамакнун нусхаи забони тоҷикии худро низ ба роҳ андохтааст. WWW.google.com.tj - ва агар шумо дар Тоҷикистон бошед, танҳо бо навиштани Гугл.com ба тариқи мустақим ба сафҳаи тоҷикӣ меравед. Бадриддин Гуляев, коршиноси масоили интернет мегӯяд, роҳандозии сафҳаи тоҷикии Гуглро метавон қадаме дигар ба сӯи пеш дар олами интернети Тоҷикистон номид. Ва аммо ҳарфҳои тоҷикии сафҳаи аслии Гуглро на ҳар компютер метавонад, ки нишон бидиҳад ва ба андешаи ҷаноби Гуляев, сабаб он аст, ки ҳанӯз ҳам меъёри ягонаи ҳуруфи тоҷикӣ ба феҳраси забонҳои Microsoft ворид карда нашудааст. Дар ҳоли ҳозир, сафҳаи аслии Гугл бо 116 забон қобили дарёфт ва истифода аст.
XS
SM
MD
LG