Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Карочӣ, дар остонаи сафари Буш


Бар асари таркиш дар наздикии Консулхонаи Иёлоти Муттаҳида дар Карочии Покистон камаш 4 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудагон дипломати амрикоӣ будааст. Ҳеҷ кас масъулияти ин ҳамларо, ки ду рӯз пеш аз сафари президенти Амрико Ҷорҷ Даблю Буш ба Покистон ба амал омад, бар дӯш нагирифтааст. Дар ҳамин ҳол Буш дар Ҳиндустон гуфт, бо вуҷуди ин ҳамла вай ба Покистон сафар хоҳад кард. Дар Деҳлии Нав дар ҷараёни сафари Буш Ҳиндустон ва Иёлоти Муттаҳида созишномаи густардаи ҳамкориро дар соҳаи нирӯи ҳаставии осоишта ба имзо расонданд. Ин санад ба Ҳиндустон имкон медиҳад, ба фанновариҳои ҳаставии осоиштаи Иёлоти Муттаҳида дастрасӣ пайдо кунад. Сафари Буш ба Ҳиндустон аз тарафи Вашингтон шинохти аҳамияти рӯзафзуни стратегӣ ва иқтисодии Ҳинд баъд аз даҳсолаҳои беэътимодӣ дар миёни ду кишвар шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG