Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Буш ва Карзай дар Кобул


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш дар Кобул бо раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дидору гуфтушунид дошт. Пас аз мулоқот, Буш дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, кишвараш аз пешрафтҳои Афғонистон дар роҳи демократия ва озодии баён истиқбол мекунад. Вай ду мартаба қаноати худро дар мавриди ба таҳсил фаро гирифта шудани бачагону наврасони Афғонистон, хосатан духтарон изҳор карда гуфт: "Мардуми тамоми ҷаҳон таҷрибаи Афғонистонро мушоҳида мекунанд. Умедворам, мардуми Афғонистон мефаҳманд, демократия дар ин ҷо реша мегирад ва шумо ба дигарон илҳом медиҳед ва ин намуна дигаронро ба талаби озодӣ илҳом медиҳад.Ва озодтар шудани ҷаҳон, осудатар шудани он аст."
Буш дар мавриди бин Лодин, сарвари Ал Қойида, Мулло Умар, пешвои ҳаракати Толибон ва нақши Покистон гуфт, аз раисҷумҳур Мушарраф хоҳиш мекунад, ки боздошти онҳо ва умуман барои мубориза бо терроризм бо нируҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва ҳукумати ин кишвар хамкорӣ кунад.
Ин аввалин сафари Буш ба Афғонистон буд ва ҳамагӣ 4 соат идома кард.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG