Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: нокомӣ дар интихоби раиси нави порламон


Имруз ба намояндагони порламони Қирғизистон муяссар нашуд, ки раиси нави худро интихоб кунанд. Дируз Омурбек Тикебоев аз мақоми раёсати порламон истеъфо дод. Кубатбек Байболов, ки номзадиаш ба ин мақом пешниҳод шуд, танҳо 34 рай ба даст овард. Барои пирузӣ, дастикам, 38 рай зарур аст. Байболов яке аз ислоҳотталабони аслӣ ва аз мухолифони Курмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ба шумор меравад. Даври дигари райдиҳӣ барои интихоби раиси нави порламон рузи панҷшанбе, 2-юми март баргузор мешавад. Омурбек Тикебоев-раиси пешини порламон истеъфои худро 13-уми март эълон карда буд. Вале порламон 20-уми феврал ҳангоми райдиҳӣ истеъфои вайро напазируфт ва вай то як рузи пеш дар ин мақом боқӣ монд. Масъалаи истеъфои Тикебоев замоне матраҳ шуд, ки вай зимни суханони худ аз тариқи телвизюни Қирғизистон аз Курмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури кишвараш интиқод кард.
XS
SM
MD
LG