Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарсенбоевро кӣ кушт? Раҳбари дафтари парлумон?


Вазири дохилаи Қазоқистон Баурҷон Муҳаммадҷонов рӯзи душанбе, 27 феврал гуфт, куштори Олтинбек Сарсенбоев, як раҳбари мухолифини қазоқро раиси дафтари Сенат, палатаи болоии парлумони Қазоқистон Эржан Утембоев тарҳрезӣ кардааст. Мақомоти Остона Утембоевро ҳанӯз рӯзи 22 феврал боздошт карданд. Баурҷон Муҳаммадҷонов гуфт, ки Эржан Утембоев эътироф карда, ки қатли Сарсенбоевро ӯ супориш додааст: "Баъди ин ки Сарсенбоев дар як мақолаи дар як нашрияи миллӣ чопкардааш Утембоевро танқид мекунад, муносиботи байни онҳо ба суръат бад мешавад. Баъди чопи ин мақола, эҳтимоли бақои Эржан Утембоев дар мақомаш, ба гуфтаи худи ӯ, хеле пойин меравад. Баъди иттиҳомоти алайҳаш эълонкардаи Сарсенбоев, Утембоев муддатҳо нақшаи интиқомҷӯиро дар сар мепарварид."

Аҷсоди Олтинбек Сарсенбоев, ҳамраиси ҳизби мухолифи "Нағз Оқжол" ва ронандаи мошину муҳофизи ӯ рӯзи 13 феврал дар ҳуммаи Алма-Ато ёфт шуд.

Аммо мухолифин ба фарзияи пешниҳодкардаи тафтишоти расмӣ эътимоди чандоне надоранд. Як узви раҳбарияти ҳизби "Нағиз Оқжол" гуфт, баъид ба назар мерасад, ки Эржан Утембоев тавони тарҳрезии чунин кушторро дошта бошад. Ба ақидаи вай, ин як куштори бештар намоишӣ буд.
XS
SM
MD
LG