Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии хабарнигори Радиои Озодӣ аз зиндони Узбакистон


Носир Зокиров, хабарнигори бахши узбакии Радои Озодӣ баъди ним соле, ки дар зиндон ба сар бурд, рӯзи 26 феврал аз маҳбас раҳо ёфтааст. Носир Зокиров дар моҳи августи соли гузашта дар вилояти Намангони Узбакистон бо ҷурми таҳқири як мақоми амниятӣ боздошт шуда, дар як додгоҳи бидуни ҳузури вакили мудофеъ ва бидуни пурсиши шоҳидон маҳкум ба зиндон шуда буд ва ӯро аз додгоҳ рост ба маҳбас бурданд.

Носир Зокиров дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, дар маҳбас вай дар ҳоли инзивоъ қарор дошт, вале ӯро дар он ҷо ва ё дар боздоштгоҳи хадамоти амният озор надодаанд.

Носир Зокиров дар моҳи август бо иттиҳоми дашном додан ба як маъмури амниятии Намангон тавассути телефон боздошт шуд. Ӯ дар ин сӯҳбат ба ин ки мақомот шоири маҳаллӣ Ҳайдаралӣ Комиловро барои як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ таҳти фишор қарор додаанд, эътироз мекард. То замони боздошт шуданаш Носир Зокиров барои гузоришҳое, ки дар бораи рӯйдодҳои хунини моҳи майи соли гузаштаи Андиҷон таҳия карда буд, чандин бори дигар ба шӯбаботи милиса кашида шуда буд.
XS
SM
MD
LG