Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ноороми Непал ҳама тимҳоро ба Бангладеш мебарад


Бо қарори кумитаи тадорукоти баргузории Ҷоми даъвати AFC - Конфедератсиони футболи Осиё бинобар вазъи ноором дар Непал бозиҳои ҳамаи чаҳор гурӯҳ дар Бангладеш доир мешавад. Ҳамчунин дар ҷадвали замони баргузории мусобиқот тағйирот ворид шуд. Ҷоми AFC як ҳафта дертар -- аз 1 то 16 апрели соли равон баргузор хоҳад шуд, ки ин ба ҷашнгирии Рӯзи истиқлоли Бангладеш - 26 март бастагӣ дорад. Дар Ҷоми даъвати AFC 16 дастаи мунтахаби миллии гурӯҳи кишварҳои «зуҳурёфта» ва «дар ҳоли рушд» дар шаҳрҳои Дакка ва Читтагонг зӯрозмоӣ мекунанд. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат хоҳад кард.

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки давраи аввали мусобиқоти анъанавӣ барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик оғоз шуд. Бино ба иттилои Мирзо Муҳаммадҷонов, ноиби раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон марҳилаи аввали мусобиқоти мазкур дар се минтақа - Душанбе, Суғд ва Хатлон то рӯзи 1 март доир мешавад. Вай афзуд, ҳашт дастаи беҳтарини мусобиқоти минтақавӣ, аз ҷумла чаҳор дастаи беҳтарини шаҳру навоҳии тобеи марказ ва чаҳор дастаи беҳтарин аз манотиқи Суғду Хатлон барои ширкат дар давраи ниҳоӣ, ки аз 3 то 12 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
XS
SM
MD
LG