Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳи январ ҳудуди 450 миллион сомонӣ муодили 140 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта чоруним дарсад бештар аст. Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин як моҳ ба 226 миллион доллар баробар шуда, ки назар ба моҳи январи соли қаблӣ 67 дарсад бештар будааст. Тоҷикистон дар моҳи январ ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 98 миллион доллар мол фурӯхта, аз хориҷ ба маблағи қариб 128 миллион доллар мол ворид кардааст.
Ширкати мошинсозии фаронсавии "Рено" бар асоси як барномаи стротежӣ мехоҳад то соли 2009 тавлиди 26 навъи ҷадиди мошинҳоро ба роҳ монда, мақоми пурфоидатарин ширкати мошинсозии Аврупоро ба худ ихтисос диҳад.
Соли гузашта "Рено" ба маблағи 41 миллиард евро 2,5 миллион мошин фурӯхтааст.
Ширкати гази Тоҷикистон мегӯяд, Узбакистон содироти газаш ба Тоҷикистонро 25 дар сад коҳиш додааст. Мақомоти ин ширкат қарзи ҷамъшуда аз ширкати "Узтрансгаз"-ро иллати аслии кам шудани мизони содироти гази Узбакистон меноманд.Танҳо қарзи аҳолӣ аз ширкати гази Тоҷикистон ба 130 миллион сомонӣ ё худ 40 миллион доллар расидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон мехоҳад имсол аз Узбакистон 730 миллион метри мукааб газ бихарад.
Ширкати "Норск Ҳидро"-и Норвей, ҳамкори собиқи корхонаи алюминсозии Тоҷикистон эълом кард, ки фурӯшоташ дар соли гузашта бино бар афзоиши нархи нафту газ ва алюминий 25 дарсад рушд карда, ба 2 миллиарду 280 миллион расидааст. Дар ҳафтаи гузашта нархи як бушкаи нафт дар биржаи Ландан дар ҳудуди 59 доллар қарор гирифта буд. Дар ҳамин ҳол, нархи алюминий боз ҳам афзуда, як тонна алюминийи навъи аъло дар бозори Ландан акнун ба қимати 2410 доллар фурӯхта мешавад.
Ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои роҳандозии 56 барномааш дар Тоҷикистон аз ҷомиаи байналмилалӣ дархости 51 миллион доллар кӯмак кардааст. Дафтари Барномаи рушди СММ дар Душанбе мегӯяд, ин созмон соли гузашта барои Тоҷикистон 57 миллион доллар хоста буд, ки 85 дарсадаш то поёни сол ба даст омад.