Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди буҳрони молӣ ба Фаластин


Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин гуфтааст, мақомоти Фаластин ба буҳрони молӣ ру ба ру хоҳанд шуд. Баъд аз пирузии Ҳамас дар интихоботи порламонӣ ва руи кор омадани он дар Фаластин Исроил гуфтааст, ки пардохти даромад аз ҳисоби молиётро нигоҳ медорад. Амрико ҳам тақозо кардааст, ки Фаластин кумакҳои Амрикоро баргардонад. Маҳмуд Аббос дируз дар Ғазза дар остонаи мулоқот бо раҳбарони Ҳамас гуфт, фаластиниён воқеъан дар ру ба руи буҳрони молӣ қарор доранд. 18-уми феврал баъд аз нахустин иҷлоси Порламони Фаластин Исроил гуфт, ки дар оянда 50 милён доллареро, ки ҳар моҳ аз ҳисоби даромади молиёт ба Фаластин медод, дигар намедиҳад. Амрико низ мегуяд, ки ҳоло Фаластин бояд 50 милён доллар кумакро ба Амрико баргардонад. Аз суи дигар, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз Ҳамас тақозо кардаанд, ки давлати Исроилро ба таври расмӣ бишносад ва тавофуқоти сулҳи минтақаро риъоят кунад.
XS
SM
MD
LG