Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 60 килограмм ҳероин дар марз бо Афғонистон.


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шаби гузашта дар ҷараёни як амалиёти муштараки нерӯҳои вазорати корҳои дохилӣ ва марзбонони тоҷик дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон 70 килограмм маводи мухаддир мусодира шуд, ки 60 килограмми онро ҳероин ташкил медиҳад.
Файзулло Гадоев сарвари раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар амалиёти дигари ин ниҳод, ки рӯзи чоршанбе доир гашт, 32 килограмм афюн мусодира ва як қочоқчии маводи мухаддир ҳабс шуд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии транзити маводи мухаддири Афғонистон мебошад. Мансабдорони тоҷик мегӯянд, ки дар манотиқи наздимарзии Афғонистон тахминан 12 лаборатория фаъол аст, ки рӯзона то 20 килограмм ҳероин истеҳсол карда метавонад.
XS
SM
MD
LG