Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - 141-ум


Мунтахаби Бразилия бо 837 имтиёз миёни 205 кишвари олам дар ҷойи аввал мебошад.Тими миллии Ҷумҳурии Чех бо 793 имтиёз мақоми дувум ва дастаи Ҳолланд бо 791 имтиёз мақоми севумро ишғол мекунанд.

Беҳтарин тимҳои қорраи Осиё - Ҷопон ва Эрон нисбати рейтинги пешин се зина поин ва Ҷумҳурии Куриё ду зина поин фуромаданд. Ҷопон бо 712 имтиёз дар мақоми ҳаждаҳум, Эрон бо 703 имтиёз дар мақоми бисту дувум, Куриёи Ҷанубӣ бо 680 имтиёз дар мақоми сиву якум қарор гирифтаанд.

Беҳтарин дастаи мунтахаби минтақаи Осиёи Марказӣ -- Узбакистон низ ду зина поин фуромад. Ин даста бо 571 имтиёз дар мақоми шасту якум мебошад. Тими миллии Туркманистон чун пешин бо 384 имтиёз дар ҷойи яксаду шонздаҳум ва мунтахаби Қазоқистон бо 314 имтиёз дар ҷойи яксаду сиву ҳафтум мавқеъ доранд. Дастаи Тоҷикистон бо 298 имтиёз дар рейтинги нави FIFA мавқеашро дар зинаи яксаду чилу якум нигаҳ доштааст ва миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузаштааст. Дастаи Қирғизистон бо 235 имтиёз мисли пешин дар ҷойи яксаду панҷоҳу нуҳум қарор дорад.

Мавқеи дигар дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин аст: 34. Русия (664 имтиёз), 41. Украина (627), 63. Беларус (568), 67. Латвия (558), 77. Эстония (544), 100. Литва (465), 105. Гурҷистон (457), 107. Молдова (440), 108. Арманистон (430), 114. Озарбойҷон (392).


Ҷоми Туркманбошӣ. Дастаи МТТУ-и Ишқобод - қаҳрамони Туркманистон ва тими «Дачия»-и Кишинёв - барандаи медали биринҷии чемпионати Молдова барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 19 феврал дар варзишгоҳи «Копетдоғ»-и Ишқобод баргузор мешавад, рақобат хоҳанд кард.

ШОҲМОТ:
Бино ба иттилои Ёқуб Раҳимов, муовини раиси Федеросиюни шоҳмоти Тоҷикистон рӯзи шанбеи 18 феврал дар толори мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии кишвар миёни мардон ва занон оғоз шуда, то 3 март идома хоҳад кард. Вай афзуд, дар ин мусобиқот, ҳамчунин Фаррух Амонатов, ягона гроссмейстери байналмилалӣ миёни шатранҷбозони тоҷик, ки солҳои ахир дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад, ширкат меварзад.
XS
SM
MD
LG