Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди террори Рафиқ Ҳарирӣ


Ҳудудан 500 ҳазор сокини Лубнон рӯзи сешанбе, 14 феврал дар маркази пойтахт шаҳри Бейрут барои ширкат дар маросими ёдбуди Рафиқ Ҳарирӣ, собиқ нахуствазири ин кишвар гирди ҳам омаданд. Як сол пеш дар ин рӯз Ҳарирӣ аз як сӯиқасд ба ҳалокат расид. Ҳодисайи қатли нахуствазири собиқ Сурияро водор намуд, то ҳузури беш аз 30-солаи низомиашро дар Лубнон хотима диҳад. Дар пай, барои нахустин бор баъди хатми ҷанги дохилии Лубнон (1975-1990) дар интихоботи саросарӣ як эътилофи зиддисуриягӣ ба қудрат роҳ ёфт. Рӯзи сешанбе ҳазорҳо сарбозон ва нирӯҳои полиси лубнонӣ дар маҳалли қатли Ҳарирӣ ҷамъ омаданд. Гирдиҳамойии имрӯза бо ташаббуси ҳукумат ва фарзанди собиқ нахуствазир ташкил шудааст, ки тақозои ба додгоҳ кашонда шудани омилони қатли Ҳаририро доранд. Таҳқиқоти СММ, ки ҳанӯз пурра анҷом наёфтааст, ишора ба он мекунад, ки мақомоти баландпояи амниятии Сурия ва муттафиқони лубнонии онҳо дар қатли Ҳарирӣ даст доштаанд. Димишқ ин гуна иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG