Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи Дригин дар Турин


Андрей Дригин, варзишгари Тоҷикистон дар Бозиҳои XX зимистонаи олимпӣ дар Турини Италия дар рақобатҳои лижаронии кӯҳӣ аз нишебӣ бо натиҷаи 1 дақиқаю 59,41 сония дар мақоми 51-ум қарор гирифт.
Дар ин навъи рақобатҳо ҳамагӣ 55 варзишгар аз 25 кишвари олам рақобат карданд. Андрей Дригин нисбати Антонио Денериаз, лижарони Фаронса, ки бо натиҷаи 1 дақиқаю 48,80 сония мақоми аввалро касб карда, бо медали тиллои олимпӣ сарфароз гашт, ҳамагӣ 10,61 сония дертар ба марра расид. Микаел Валчҳофер аз Австрия бо натиҷаи 1 дақиқаю 49,52 сония соҳиби медали нуқра шуд. Бруно Кирнер аз Швейтсария бо натиҷаи 1 дақиқаю 49,82 сония муваффақ ба дарёфти медали биринҷӣ гардид. Дар ин навъи рақобатҳо аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ намояндагони чаҳор давлат - Русия, Латвия, Украина ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Варзишгарони Русия -- Павел Шестаков мақоми 30-юм, Александр Хорошилов мақоми 38-ум, Константин Сатс мақоми 40-ум, лижарони Латвия Ренарс Дорш мақоми 46-ум ва намояндаи Украина Николай Скриабин мақоми 47-умро ишғол карданд.

Мутахассиси варзидаи соҳа Ирина Метвеева, дабири кулли Федератсияи лижаронии кӯҳии Тоҷикистон роҷеъ ба натоиҷи ба даст овардаи Андрей Дригин ба радиои Озодӣ чунин ибрози назар кард: «Ба андешаи ман Андрей метавонист хеле беҳтар ҳунарнамоӣ кунад, ба шарте ки пас аз Олимпиадаи пешин ба вай кӯмаки зарурии моддӣ расонида мешуд ва ӯ дар беҳтарин пойгоҳҳои лижаронии кишварҳои Аврупо тамрин карда, маҳораташро сайқал медод. Вале Андрей чаҳор сол танҳо дар пойгоҳҳои Красноярк, Челябинск ва Кировски Русия тамрин кардааст. Чунон ки маълум шуд, дар лижаронии босуръат аз нишебӣ варзишгарони Русия низ натоиҷи хуб ба даст оварда натавонистанд.»

Андрей Дригин дар навъи дигари рақобатҳои лижаронии кӯҳӣ -- «супергигант» рӯзи шанбеи 18 феврал ширкат хоҳад кард.

ФУТБОЛ. Дастаи CSKA-и Душанбе дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти анъанавии байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон аз тими мизбон -- «Небитчӣ»-и Балканобод бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрд. Дар бозии дигари гурӯҳи «А» тими МТТУ - Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия бар дастаи «Трактор»-и Тошканд бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард. Дар гурӯҳи «Б» «Дачия»-и Кишинёви Молдова бар «Марв»-и Туркманистон бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯз шуда, бозии «Персполис-Хуросон»-и Машҳади Эрон бо «Ворскла»-и Полтаваи Украина бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расид. Дар даври дувуми мусобиқот CSKA-и Душанбе бо МТТУ-и Ишқобод рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG