Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи гурги девона ба 17 нафар


Як гурги гирифтори бемории ҳорӣ ва ё девонагӣ дар деҳкадаи Шашқади ноҳияи Панҷакент ба беш аз 17 нафар ҳамла ва онҳоро сахт захмӣ кардааст. Ба гуфтаи осебдидагон, гурги девона субҳи шашуми феврал, ки деҳаро туману торикӣ фаро гирифта будааст, ба онҳо дарафтода ба сару по ва баданашон дандон задааст.
Аҳрор Шарипов - сардори маркази давлатии беҳдоштии ноҳияи Панҷакент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин ҳодисаро ғайричашмдошт ва ваҳшатбор номида гуфт, ки чунин ҳамлаи гург дар деҳаи Шашқад дар фасли сармои имсол бори аввал ба вуқӯъ пайвастааст:
"Баъди ҳамлаи гург ба шӯъбаи шикастабандии беморхона 13 нафар бо дараҷаи вазнини ҷароҳат оварда шуданд. Ду тани дигарро гург ханҷол задааст ва онҳоро низ бистарӣ кардем. Дар маҷмӯъ 31 нафар дар шӯъбаи шикастабандии бемористони шаҳр бистарӣ шудаанд."
Ба гуфтаи Аҳрор Шарипов, баъд аз ташхис маълум шуд, ки гург гирифтори бемории девонагӣ будааст. Ба ин хотир тамоми шахсоне, ки ҳангоми куштани гург ба ӯ даст зада буданд, ба бемористон оварда шуданд. Захми дандони гург ва ё саги девона барои инсон марговар аст ва дар сурати дармон нагирифтан инсон дер ва ё зуд ҳалок мешавад.
Сипорат Қурбоналиева, як сокини деҳаи Шашқад, ки гург ӯро сахт захмӣ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми вуруд ба оғил дучори ҳамлаи гурги девона шудааст.
Ҳикматулло Камолов, ки сари набераи 12-солаашро гург захмӣ кардааст, аз табибон ва кӯмаки фаврии ҳукумати ноҳия ба осебдидагон изҳори сипос кард. Аҳрор Шарипов - сардори идораи давлатии беҳдоштӣ гуфт, ки идораи онҳо барои маҳви манбаъҳои бемории ҳорӣ ва сагҳои дайду як гурӯҳеро ташкил додааст ва то кунун аз ҷониби онҳо 60 ҳайвони ваҳшӣ ва сагҳои велгард нобуд карда шудаанд.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG