Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати беҳдошт ба 3,5 миллиард доллар зарурат доштааст


Мувофиқи аҳдофи Барномаи рушди ҳазора, барои ислоҳоти соҳаи беҳдоштии Тоҷикистон то соли 2015 дар маҷмӯъ тақрибан 3,5 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст. Салоҳиддин Миралиев, мудири бахши татбиқи ислоҳоти вазорати тандурустии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, дар ҳоли ҳозир як лоиҳаи ислоҳоти соҳаи беҳдоштии кишвар барои 5 соли оянда таҳия ва навоҳии Рашт, Кӯлоб, Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Роштқалъаи вилояти Бадахшон минтақаҳои татбиқи он интихоб шудаанд. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур тақрибан 10 миллион доллари амрикоӣ лозим будааст, ки 7,5 миллионашро Бонки Осиёии Рушд ба сурати қарз ва наздики 2 миллиони дигарашро ҳукумати Тоҷикистон ҷудо мекунанд. Ба гуфтаи Салоҳиддин Миралиев, ҳадафи аслии лоиҳа беҳбуди вазъи сиҳҳати занону кӯдакон ва табақаҳои нодори Тоҷикистон ва 30 дарсад коҳиш додани сатҳи маргу мири тифлони навзод ва кӯдакони то 5-сола будааст.

Салоҳиддин Миралиев, мудири бахши татбиқи ислоҳоти вазорати тандурустӣ ҳамчунин хабар дод, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон як лоиҳаи ҷадид оид ба тандурустии ҷамоъавӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Миралиев, лоиҳаи мазкур дар 41 шаҳру навоҳии шимол ва ҷануби Тоҷикистон татбиқ мегардад ва зимни он беш аз 4,5 миллион сокини кишвар мавриди санҷиши тиббӣ қарор мегиранд: "Лоиҳаи наве, ки имсол ба фаъолият шурӯъ мекунад, 17,2 миллион доллари амрикоиро фаро мегирад. Ин лоиҳа лоиҳаи грантӣ аст, ба сурати кӯмаки билоиваз татбиқ мешавад ва давлат ин қарзро барнамегардонад. Дар ин лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ 10 миллион доллар, ҳукумати Шветсия 6 миллион доллар ва ҳукумати Швейтсария 1,2 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштаанд."

Бар тибқи лоиҳаи мазкур, таъмиру таҷдиди 70 муассисаи тиббӣ дар навоҳии Ашту Спитамени вилояти Суғд ва дар шаҳри Нораку навоҳии Сарбанду Қубодиён ва Шӯроободи вилояти Хатлон дар назар аст. Ҳамчунин барои ин бунгоҳҳои тиббӣ васоити нақлия харидорӣ шуда ва барои 700 пизишк аз ин навоҳӣ бахшҳои омӯзишӣ доир мегардад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG