Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқири дин ё озодии баён?


Тақрибан дар посух ба ин эътирозҳо рӯзномаҳо дар чанд кишвари дигари аврупоӣ низ ин тасвирҳоро нашр карданд. Жан Марсел Бугро, сардабири нашрияи фаронсавии Нувел Обсерватор навишт: "Бисёре аз бузургони мо зидди масеҳият чиҳое нагуфтаанду накардаанд ва бузургтарини онҳо Волтер, ки бо калисо дар ҳоли ҷанг буд, гуфтааст, мумкин ман мухолифи ақидаи шумо бошам, вале бо баҳои ҷонам мубориза мекунам, то шумо ҳаққи баёни андешаи худро дошта бошед". Ба ин тартиб, нашри ин тасвирҳоро дар аврупо намунаи озодии баён арзишёбӣ мекунанд ва нашри такрории тасвирҳо дар кишварҳои гуногун низ гуфта мешавад, ба ин мақсад аст, ки ҳамрайъиро дар ҳифзи озодии баён нишон диҳад. Сардбири дигари фаронсавӣ Серж Фаубер мегӯяд: "Ин чиз ҳамла ба ислом ё мусулмонон нест. Ин иғво ҳам нест ва кӯшиши рӯған рехтан ба оташ низ. Ин як баҳси озодии баён аст."Аммо шореҳи нашрияи порлумонии Тоҷикистон, "Садои мардум", устоди журналистика дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳи Шарифзода мегӯяд: "Албатта, ҳар журналист ё расона ҳақ дорад, дар чаҳорчӯби қонунҳои мавҷудаи кишвараш маводеро ба табъ расонда. Аммо ин ҷо масъала каме фарқ мекунад, зеро он ба эътиқодоти мардум пайванд мегирад."
Дар ҳамин бора Роҷер Кеппел, сардабири рӯзномаи олмонии "Ди Велт" ба анъанаҳои матбуоти Ғарб ишора мекунад: "Ман ба ҳамаи онҳое, ки худро аз ин ҳодиса таҳқирдида ҳис мекунанд, арҷ мегузорам. Вале бояд ба сатҳи эътирозҳо нигарем, ки ба журналистон таҳдиди қатл садо медиҳад, кишварҳое мавриди шантаж қарор мегиранд. Ба фикри ман, масъулияти сарони рӯҳонии олами ислом аст, ки мардуми худро ором кунанд ва бифаҳмонанд, ки анъанаҳои ҷаҳони мо ба мо чунин имкониятҳоро медиҳад ва нашри тасвирҳо чӣ маънӣ доранд. Ин на ба он маънист, ки Ғарб зидди мардуми мусулмон аст."
Журналистони аврупоӣ мегӯянд, дар матбуоти Туркия, масалан ва ё кишварҳои араб садҳо тасвири танзомези Исои Масеҳ, насрониҳо, салиб ё чалипо ба нашр мерасад, вале ин дар ҷаҳони Ғарб тазоҳуротеро ба миён намеорад. Яке аз сарони Ҳизби сабзҳои Олмон Фолкар Бек ёдовар шудааст, ки дар расме дар нашрияҳои арабӣ, ки исроилиҳоро дар либоси натсистӣ дар ҳоли куштани кӯдаки араб тасвир шудаанд.
Бисёре аз журналистон чи дар Ғарб ва чи дар Шарқ вокунишро ба нашри тавсирҳои карикатурии паёмбари ислом ба сатҳи рушди озодии баён ва тафовут дар одоби иҷтимоӣ бастагӣ медиҳанд. Аммо рассоми танзи матбуотӣ дар Канада, Некоҳанги Кавсар мегӯяд, ҳарду ҷониби моҷаро, мисли ин ки аз доираи эътидол берун мераванд. Журналисти тоҷик Қироншоҳи Шарифзода бар ин аст, ки масъала ба бархӯрди фарҳангҳо кашида, вазъи феълии ҷаҳон, аз ҷумла рӯйдодҳои Ироқ ва Ховари Миёна низ ба он таъсири амиқи худро гузоштааст. Ҳамсӯҳбати мо изҳори умедворӣ мекунад, ки ин баҳс боиси ҷудоии бештар ва ё тундравиҳо нашавад ва барои ҳамаи тарафҳои моҷаро ибратомӯз бошад.
XS
SM
MD
LG