Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодҳои нави телефонии 19 вилояти Русия


Вазорати мухобироти Русия аз рӯзи 1 феврал барои гуфтугӯҳои телефонӣ бо 19 минтақаи бахши аврупоии Русия танҳо кодҳои нави телефониро ба ҷо гузошта, истифодаи кодҳои қадими ин манотиқро манъ кардааст. Аз 1 декабр ба ин сӯ, ба ин 19 вилоят мешуд ҳам бо кодҳои қадим ва ҳам бо кодҳои нав тамоси телефонӣ гирифт.

Дар коди телефонии 18 минтақа танҳо рақами "0" ба рақами "4" иваз шудааст. Масалан, коди Маскав акнун ба ивази "095" "495" шуда, барои тамоси телефонӣ бо вилояти Калинингради Русия бояд акнун ба ҷойи "011" коди "411"-ро дар телефони худ чинд.

Тағйири кодҳои телефонии ин вилоёт тибқи барномаи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ гардондани низоми гуфтугӯҳои телефонии байнишаҳрии Русия амалӣ мешавад ва дар оянда барои ворид шудан ба хатти иртиботи байналмилалии телефонӣ аз Русия бояд ба ивази "8-10", ки то ҳол роиҷ буд, коди "00"-ро истифода кард.

Кодҳои ивазшудаи телефон дар 19 вилояти аврупоии Русия чунинанд:

Минтақа Коди қадим Коди ҷадид
Маскав 095 495
Вилояти Маскав 096 496
Вилояти Белгород 072 472
Вилояти Брянск 083 483
Вилояти Владимир 092 492
Вилояти Воронеж 073 473
Вилояти Иваново 093 493
Вилояти Калининград 011 411
Вилояти Калуга 084 484
Вилояти Кострома 094 494
Вилояти Курск 071 471
Вилояти Липетск 074 474
Вилояти Орёл 086 486
Вилояти Рязан 091 491
Вилояти Смоленск 081 481
Вилояти Тамбов 075 475
Вилояти Твер 082 482
Вилояти Тула 087 487
Вилояти Ярославл 085 485
XS
SM
MD
LG