Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон назоратро дар марз бо Тоҷикистон тақвият медиҳад


Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон аз ҳамла ба маҳбаси шаҳри Қайроқуми Тоҷикистон изҳории нигаронӣ кардааст. Дар изҳороти дафтари матбуоти ин идора омадааст, ки нирӯҳои амниятӣ дидбонии минтақаҳои ҳаммарзи Қирғизистонро бо Тоҷикистон тақвият додаанд. Тибқи он ҳамлаварони мусаллаҳ ба Ҳаракати исломии Ӯзбакистон нисбат дода мешаванд ва мумкин аст, дар қаламрави Қирғизистон паноҳ ҷӯянд.
Афроди мусаллаҳ шаби 25-уми январ ба маҳбаси боздошти пешакии шаҳри Қайроқум ҳамла карда, раиси он Бобоҷон Гадобоевро ба қатл расонданд ва як корманди маҳбасро захмӣ карданд. Сипас, онҳо як маҳбусро раҳо намуда, бо худ бурданд. Кӯшиши боздошти онҳо натиҷа надод ва бархе аз хабаргузориҳо гуфтанд, эҳтимолан ин гурӯҳ ба самти марз бо Қирғизистон ҳаракат карда бошад.
Қирғизистон аз соли 1999 дастикам се мартаба ҳадафи ҳамлаи мусаллаҳони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG