Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба узвияти Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё пазируфта шуд


Дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои байнидавлатии Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) Узбакистон ба узвияти ин ниҳод пазируфта шуд. Ин нишаст рӯзи 25 январ дар шаҳри Санкт-Петербург бо ширкати сарони кишварҳои узв - Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳамчунин раисиҷумҳури Узбакистон ифтитоҳ шуд. Намояндагони се кишвари нозир - Арманистон, Молдова ва Украина низ дар нишаст ширкат доранд.
Ба иттилоъи созмондиҳандагони нишаст, вуруди Узбакистон ба Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё - муҳимтарин мавзӯъи ҷаласаи имрӯз маҳсуб мешуд. Онҳо мегӯянд, узвияти ин кишвар дар Созмон ба ҳалли мушкилоти энерҷӣ, истифодаи захоири об, рафтуои нақлиёт ва убуру мурури марз аз сӯи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Ёдовар мешавем, айни ҳол миёни Узбакистон ва Тоҷикистон режими раводид ҷорист. Ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, баъди вуруди Узбакистон ба Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё созишномаи миёни ду кишвар дар мавриди убуру мурури марз бояд лағв шавад.
Узбакистон 6 октябри соли гузашта изҳор кард, ки мехоҳад узви ин ниҳоди иқтисодӣ бошад.
Қаламравии умумии Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё (бидуни Узбакистон) 20 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад ва дар он алҳол беш аз 180 миллион нафар ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG