Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Ҷомеаи АвруОсиё


Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар ҷаласаи ғайринавбатии шӯрои Ҷомеаи Авруосиё, Ӯзбакистон ба узвияти ин созмон пазируфта мешавад. Барои ширкат дар ин нишаст Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Русия сафар кардааст. Президентҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард. Ҳайъати Тоҷикистон гуфтааст, узвияти Ӯзбакистон дар созмони мазкур барои Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дорад. Интизор меравад, ҳамчун узви нав Ӯзбакистон маҷбур аст, ҳамаи созишномаҳои созмонро имзо кунад. Ҳамчунин интизор меравад, дар ҷаласаи Санкт- Петербург, Тоҷикистон масъалаи ташкили Биржаи байнидавлати шуғлро ба миён гузорад.
Ҷомеаи Авруосиё дар даҳуми октябри соли 2000-ум дар Остона бо номи Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё таъсис ёфта, Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бунёдгузорони он ба шумор мераванд. Арманистон, Молдова ва Украина дар бархе аз ҷаласаҳои он ба ҳайси нозир ширкат кардаанд. Президенти Тоҷикистонро дар сафари Русия вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров, мушовири президентдар умури сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ва раиси Банки миллии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG