Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин мулоқотҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Туркия


Алии Ҷавонмардӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, ки барои анҷоми сафари расмӣ аз рӯзи панҷшанбе, 19 январ вориди Туркия шудааст, дар пайи истиқбол аз ӯ дар Кохи раёсати ҷумҳурии Туркия дар минтақаи Чонкоёи Анкара дар маҷлиси зиёфати ҳамтои туркаш Аҳмад Неждат Сезар ширкат кард. Оқои Раҳмонов ба хабарнигорон гуфт, дар ин сафар ба Туркия фурсатҳои зиёдеро ба даст овардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ибрози хушҳолӣ аз ин дидор хотирнишон кард, ки ҳамоҳангӣ миёни Тоҷикистону Туркия мӯҷиби ҳифзи амният ва осоиши минтақа хоҳад шуд ва дар ин замина ин ду кишвар метавонанд мушаввиқи соъирин шаванд.

Аҳмад Неждат Сезар, раиси ҷумҳури Туркия низ дар суханони худ гуфт, ки Туркия бо минтақаи Осиёи Марказӣ дорои равобити деринаи таърихӣ ва пайвандҳои инсонист. Оқои Сезар афзуд, Тоҷикистон дар шароити сахт дӯшодӯши Туркия амал карда ва дар оянда низ, раванди ҳаводис ва рӯйдодҳо ҳар чӣ бошад, Туркия ба наҳви солим ва амин ва ба унвони дӯст бо миллати тоҷик хоҳад буд. Раиси ҷумҳури Туркия дар идомаи суханонаш ба истиқлоли Тоҷикистон дар 14 соли пеш ишора кард ва гуфт, "ҳамон тавре ки Камол Отатурк ба мо ёд дода, ки модерн ва ҳамоҳанг бо ҷаҳон амал кунем, дар ин 14 сол равобит ва муносиботи ду кишвар ба суръат густариш ёфта ва инак низ бо ҳамаи тавон хоҳем кӯшид, ки муносиботи иқтисодӣ ва равобити сиёсии худро тавсиъа бидиҳем."

Ба гузориши ТРТ, телевизиони давлатии Туркия, қарор аст, имрӯз Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз порлумони Туркия дидор ба амал оварда, ва пас аз он бо Вулан Доринҷ, раиси парлумон ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, сарвазири Туркия гуфтугӯ кунад. Туркия мегӯяд, бо сафари Эмомалӣ Раҳмонов, ки бино ба даъвати расмии ҳамтои турки ӯ Аҳмад неждат Сезар анҷом пазируфтааст, сатҳи муносибот ва равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо мутаҳаввил хоҳад шуд.
Алии Ҷавонмардӣ, хабарнигори Радиои Фардо, Анкара
XS
SM
MD
LG