Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави мубориза бо ришвахорӣ дар Тоҷикистон


Рӯзи 17 январ дафтари рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) эълон кард, ки дар ҳамкорӣ бо оҷонсии Швейсарӣ оид ба рушди байналмилалӣ барномаи нави мубориза бо ришватро ба роҳ мондааст. Ин барнома бештар хусусиёти таҳқиқотӣ дошта, инчунин таҳким ва тақвияти нақши парлумони Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар роҳи мубориза бо фасод дар назар мегирад. Бо ин ҳадаф оҷонсии Швейсарӣ оид ба рушди байналмилалӣ ва дафтари рушди СММ аз ҳисоби захоири дохилии худ мутаносибат беш аз 1 миллиону 100 ҳзаор доллар ва 120 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кардаанд. Амалисозии ин барнома се марҳиларо дар бар мегирад. Дар назар аст, ки баъди таҳқиқи ҳамаҷонибаи вазъи фасоду ришват дар Тоҷикистон дафтари рушди СММ гузоришеро таҳия ва роҳҳои мубориза бо ришватро дар он кунад. Дар навбати дуюм барнома тақвият бахшидани нақши парлумонро бо ҳадафи назорат аз сарфи маблағҳои буҷаи давлатӣ дар назар мегирад. Ва дар ниҳоят, ин лоиҳа мебояд дар самти иттилоърасонӣ оид ба ришват ва чораҳои мубориза бо фасодро ба самъи аҳолӣ расонад.

СММ мегӯяд, омӯзишҳои ахири ин созмон ва маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон собит кардаанд, ки ришват яке аз мушкилоти хеле ҷиддии ин кишвар боқӣ монда, аллакай ба чунин бахшҳои муҳими иҷтимоӣ, ба мисли беҳдошту маориф ва низоми адлия роҳ ёфтааст.
Хиромони Бақозода, Прага
XS
SM
MD
LG