Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли гузашта дар Тоҷикистон 99 нафар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир боздошт шудаанд


Бино ба иттиллоъи Додситонии кулли Тоҷикистон, ахиран як шаҳрванди Узбакистон, бо ҷурми ҷосусӣ дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шудааст. Душанбе аз ҷумла гуфтааст, ки дар таркиши 13 моҳи июни соли гузашта дар назди сохтмони вазорати изтирории Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе афроди марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон низ даст доштаанд.

Абдусамеъ Дадобоев, муовини додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, боздошти шаҳрвандони хориҷӣ бо ҷиноятҳои мухталиф дар қаламрави Тоҷикистон, аз қабили қочоқи одам, қочоқи маводи мухаддир, убури ғайриқонунии марз, ва ҳамчунин ҷосусӣ, дар соли 2005 нисбат ба соли гузашта бештар ба қайд гирифта шудааст. Вай мегӯяд, агар дар соли 2004, 20 шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон дастгир шуда бошанд, дар соли 2005 теъдоди онҳо ба 23 нафар расидааст. Тайи сол гузашта дар Тоҷикистон 20 нафар бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир шудаанд. Дар ин муддат 10 шаҳрванди Узбакитсонро боздошт кардаанд, аз ҷумла як нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ.

Бар тибқи маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, тайи соли 2005 74 парвандаи ҷинои алайҳи 99 узви ҳизби ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир» боз шуда ва то имрӯз беш аз 20 чунин парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ фиристода шудааст. Абдуқодир Муҳаммадиев,сардори бахши назорати қонун дар Вазорати амнияти Тоҷикистон, дар робита ба ин гуфт: "Дар миёни боздоштшудагон, 16 нафар занон ва 2 нафар раҳбарони ҳизби манъшудаи Таҳрир мебошанд, ки дар мақомоти ҳифзи тартибот, нисбат ба онҳо, тафтишот ба охир расидааст ва эшон тибқи банди 37 қонуни ҷиноии Тоҷикистон - ифротгароӣ ва мубориза алайҳи сохти конститусионии давлат - айбдор дониста шудаанд. Зимни тафтишот рӯшан гашт, ки аксари лидерони «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар қаламрави кишвари ҳамсояи Узбакистон, бахусус дар вилояти Андиҷони он кишвар, омӯзишу омодагӣ гирифта, бештар дар миёни аҳолии минтақаи шимоли Тоҷикистон -вилояти Суғд - тарғибу ташвиқ мебаранд. Ҳамчунин тафтишот муайян кардааст, ки бахши аъзами аъзои боздоштшуда ва мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» мардуми узбактабори Тоҷикистон будаанд."

Мутобиқи омори расмии Додситони кулли Тоҷикистон, тайи 12 моҳи соли 2005, беш аз 12 000 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, беш аз 14 000 ашхоси қонуншикан ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шудаанд. Додситонӣ мегӯяд, мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон дар соли 2005 назар ба як соли пеш 9 дарсад афзудааст.
Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи ин ҷиноятҳо ба иқтисоди Тоҷикистон ҳам хисороти зиёд ворид шудааст ва додситонӣ дар соли гузашта тавонистааст ба маблағи 115 миллион сомонӣ, муодили 36 миллион долларро ба хазинаи давлат баргардонад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG