Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини рӯзи баррасии шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Додгоҳи Олии Тоҷикистон замони муҳокимаи шикояти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи ин кишвар ва сардори собиқи идораи Тоҷикгазро ба таърихи ёздаҳуми январ таъин кардааст. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки дар моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи Олӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз ҳукми додгоҳ шадидан изҳори норозигӣ карда ва хостори муҳокимаи оҷили қазияи худ дар додгоҳи таҷдиди назар шуда буд. Аммо бо гузашти беш аз чаҳор моҳ аз замони эъломи ҳукм ҳамакнун таърихи муҳокимаи шикояти Искандаров муайян шудааст. Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба муҳокимаи мунсифонаи шикояти Искандаров дар Додгоҳ итминон надорад. Ӯ мегӯяд, додгоҳ муҳокимаи ин қазияро, ки мебоист, дар як моҳи баъди ирсоли шикоят оғоз мекард, бо таъхир шурӯъ кардааст. Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи манобеи Додгоҳи Олии кишвар замони оғози муҳокимаи Ғаффор Мирзоев -раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон низ тағйир хӯрда ва ба рӯзи ёздаҳуми январ таъин шудааст. Муҳокимаи парвандаи ҷиноии Ғаффор Мирзоев – дар маҳбаси вазорати амнияти Тоҷикистон таври пӯшида ва бо нафарони масъул - додрас, вакилони мудофеъ, намояндаи додситонӣ ва худи оқои Мирзоев баргузор мешудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG