Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баҳси Нурӣ ва Идораи обу корези Душанбе


Идораи обу корези Душанбе гуфтааст, аз посухи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раиси ҲНИТ розӣ нест ва хостори узрхоҳии ҷаноби Нурӣ мебошад. Ба ақидаи масъулини ин идора Нурӣ зимни мусоҳибае бо нашрияи «Миллат» кормандони идораи обрасонии пойтахтро ба ришвахорӣ айбдор кардааст. Аммо ҷаноби Нурӣ зимни як баёнияи хабарӣ, гуфтааст, ҳеҷ касеро аз ҷумла масъулини идораи обу корези Душанберо ба ришвахорӣ муттаҳам накардааст ва дар мусоҳиба номи ин идора ва масъулини он наомадааст, балки суханони ӯ маҷмуъӣ мебошад ва ба вазъи умумии фасод дар кишвар дахл дорад. Аммо ҷолибтарин ҷумлае, ки дар посухи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ омадааст, ин аст, ки ӯ менависад, «Хонуми мӯҳтарама Петра Зайдлер, мудири танзимгари обрасони Душанбе. Вақте номаи Шуморо хондам маро ёди даврони кӯдакӣ овард. Синфи се мехондам. Рӯзе дафтарчаи кории муаллим Сафаров гум шуд. Устод ба хашм меомад ва дафтарро талаб мекард, вале касе аз талабаҳо дуздиро ба гардан намегирифт. Он гоҳ муаллим Сафаров гуфт, акнун ман дар назди дар меистам ва ҳар яки шуморо талошӣ мекунам. Дар ин ҳол писарбачае, ки номаш Раҳим буд бо овози баланд ва ларзон гуфт: Муаллим ман нагирифтаам. Муаллим дарёфт, ки дарфтари кориро ӯ гирифтааст ва ба наздаш рафт ва аз бағалаш дафтари кориро баровард.» Ба назари таҳлилгарон шояд ҳамин ҷумла боиси нороҳатии бештари мақомоти идораи обрасонии Душанбе шудааст. Дар ҳамин ҳол масъулини маркази равобити иҷтимоии идораи обу корези Душанбе аз шарҳи бештари масъала худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки як ҷавобияи ин идора дар ҳоли таҳия шудан аст, ки бо нашри он мавқеъи ниҳоии ин муассиса рӯшан хоҳад шуд. Қаблан Беҳруз Сафаров, раиси идораи обу корези Душанбе гуфта буд, дар сурате, ки Нурӣ барои ба гуфтаи ӯ тӯҳмат ва дуруғгӯӣ узр напурсад, ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард. Аммо масъулини ҲНИТ ва ёварони Нурӣ гуфтаанд, ӯ ки посухро гуфтааст ва ҳеҷ шарҳе дигар нахоҳад дод. Вале агар кор ба додгоҳ бикашад, омодаанд ҳар навъ посухе бигӯянд, вале узр нахоҳанд хост.
XS
SM
MD
LG