Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба корхонаи обу корези Душанбе


Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба идораи обу корезии Душанбе расман посух дод ва гуфт, ин ки дар мусоҳибае бо яке нашрияҳои пойтахт ба унвони идораи обу корезии Душанбе тӯҳмат зада бошад, нодуруст аст ва аслан бо ин ҳарфҳо ин идора ва раиси онро дар назар надоштааст.
Дафтари матбуоти ҲНИТ ин матни посухи Саид Абдуллоҳи Нуриро барои васоити ахбори умуми кишвар интишор дод. Беҳрӯз Сафаров, раиси корхонаи обу корези Душанбе бо баргузории як нишасти хабарӣ дар ҳафтаи гузашта далелҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси ҲНИТ-ро дар мавриди ришвахории масъулони корхонаи мазкур зимни иҷрои тарҳҳои таҷдиди шабакаҳои обу корезии Душанберо рад кард ва тӯҳмат хонд. Илова ба ин, доктор Петра Задлер, мудири танзимгари лоиҳаи обрасонии Душанбе изҳори назари Саид Абдулоҳи Нурӣ дар мавриди ҷой доштани ришвахорӣ зимни иҷрои тарҳҳои таҷдиди шабакаҳои обрасонии Душанберо рад ва тақозо кард , ки дар зарфи се рӯз оғои Нурӣ тавассути матбуот узрхоҳӣ кунад. Дар акси ҳол, аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, раиси дафтари матбуоти ҲНИТ, посухи Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Идораи обу корезии Душанбе ва ба Маркази танзими тарҳи обрасонии Душанберо ба ин шакл пешниҳод кард. «Ҳама он чӣ гуфтам, ба шумо ҳеҷ гуна иртибот надорад. То ҳол ман дар бораи шумо ва ё корхонаи шумо ҳеҷ гуна иттилоъе надоштам ва дар сӯҳбатам атрофи мушкилоти обтаъминкунии шаҳри Душанбе мушаххас болои ягон шахс ва ташкилоте айб нагирифтаам ва мушкилоти мавҷудро ба таври умумӣ гуфта гузаштам. Мисоле низ, ки дар мавриди бунёди як иншооти обтақсимкунӣ бо рақамҳои мушаххас дар сӯҳбат оварда шудааст, ба шаҳри Душанбе ҳеҷ рабте надорад. Ин як мисолест, ки чанд сол қабл дар дигар минтақаи кишвар барои таъмири дастгоҳи обкаш аз ҳисоби грант ба вуқӯъ пайваста буд. Шумо ба матни сӯҳбат аҳамият диҳед, онҷо сухан дар бораи ноҳия, вилоят ва марказ меравад ва мақомҳои дигар ба мисли бригадиру инженер низ зикр мегарданд.»
Аммо дар ҳамин ҳол аз шӯъбаи номаҳои маркази Танзими тарҳи обрасонии Душанбе иттилоъ доданд, ки номаи Саид Абдулоҳи Нурӣ ба забони тоҷикӣ пешниҳод шуд ва ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор дода нашудааст. Зеро ин марказ бо забони русӣ ва англисӣ коргузорӣ мекунад ва дар сурати ба яке аз ин забонҳо пешниҳод шудани нома онгоҳ ин марказ мавқеи худро рӯшан намуда ба номаи оғои Нурӣ посух хоҳад дод. Дар ҳоли ҳозир, раиси ин марказ Петра Задлер дар хориҷи Тоҷикистон буда дар Олмон ба сар мебарад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG