Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳои нав ниёз дорад


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи миёни Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ва ширкати давлатии ҳавопаймоии кишварро дар ҳоле ба тасвиб расонд,ки фаъолияти ин муассиса аз сӯи бархе аз вакилон мавриди танқиди шадид қарор гирифт. Бар асоси ин санад, Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ҷиҳати харидории ҳавопаймоҳои хориҷӣ ба ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон 5 миллион доллари амрикоӣ қарз хоҳад дод.
Абдуҷалол Салимов - муовини раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон ба ҳангоми тавзеҳи ҷузъиёти Созишнома гуфт, бештари тайёраҳои ширкати давлатии ҳавопаймоӣ фарсуда шуда, мӯҳлати истифодаи минбаъдаи онҳо қариб, ки тамом шудааст.

Барои мисол, аз ҷумлаи 9 тайёраи ТУ 154, ки дар баланси ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистонанд, қобилияти техникии истифодаи ҳашттояш баъди ду сол пурра масраф мешавад, мӯҳлати истифодаи чаҳор тайёраи дигар баъди панҷ сол тамом хоҳад шуд.

Оқои Салимов афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ширкат имкони харидории тайёраҳоро надорад ва бо дарёфти воми Бонки мазкур барои харидории ду ҳавопаймои ҷадид шароит фароҳам мешавад. Ин дар ҳолест,ки бархе аз вакилони парлумон, аз ҷумла Шодӣ Шабдолов, Муҳидин Кабирӣ ва Юсуфҷон Аҳмадов фаъолияти идораи ҳавонавардии кишварро ғайриқаноатбахш ва қиммати билетҳои ин ширкатро гарон арзёбӣ карданд. Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси Намояндагон аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ гуфт:

Аз ҳама нархи баландтар дар кишварҳои собиқ шуравӣ дар ширкати ҳавопаймоии мост. Бо он нархе, ки мо парвоз мекунем аз Душанбе ба Маскав ё баръакс, ё ба дигар пойтахтҳои кишварҳои собиқ шуравӣ метавон ҳатто бо нархи як тараф ду маротиба рафту омад кард. Дуввум, кам ҳолат мешавад, ки тайёраҳои мо аз шаст дар сад камтар мусофир дошта бошанд. Бо вуҷуди баландии қимат ва сершумории мусофирон, дар ин ҷо далел оварда мешавад, ки худи корхона тавони харидории ҳавопаймоҳоро надорад ва ростӣ суоле ба миён меояд, ки чаро ин гуна ҳолат ба вуҷуд омадааст?

Аммо Мирзо Анваров - раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон ин иддаоро рад кард ва гуфт:

Ин шабу рӯз ягон ширкат дар ҳудуди Ҷомеъаи муштаракулманофеъ қудрати харидани ҳавопаймоҳоро надорад. Ягон ширкат ин қадар даромад надорад. Барои таъмири ҳавопаймое, ки гуфтед, солҳои наздик аз истифода берун мешаванд, масалан барои таъмири як ҳавопаймои ТУ 154 имрӯз 1,5 - 2 миллион доллар зарур аст.

Ин ҳам дар ҳолест,ки гурӯҳи суфарои хориҷӣ ва масъулини созмонҳои байналмилалии муқим дар Душанбе дар ду ҳафтаи қабл бо нашри як нома фаъолияти ширкати ҳавопаймоиро ғайриқаноатбахш ва як монеаи ҷиддӣ дар роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ талаққӣ карда ва расидагии ҳарчи зудтари раиси ҷумҳурӣ ба ин масъаларо тақозо карда буд.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG