Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиер Андриё: "Мо хостори рушди равобит бо Тоҷикистонем"


Дар як сӯҳбати телефонӣ бо шаҳри Душанбе аз Пиер Андриё,сафири Фаронса дар Тоҷикистон бо ишора ба боздиди хонум Мишел Алио Марӣ,вазири мудофиаи Фаронса аз Афғонистон пурсидем, ки барномаи Фаронса дар Афғонистон аз чӣ қарор аст?

Пиер Андриё: "Ман сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҳастам ва суханронӣ дар бораи нақшаҳои Фаронса дар Афғонистон бароям осон нест. Вале то ҷое аз сафари вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварамон ба Афғонистон ва ҳамчунин сафири Фаронса дар Кобул маълум аст, сар аз тобистони соли оянда мо масъулияти раҳбарии нерӯҳои ҳомии сулҳ Айсафро бар ӯҳда мегирем. Ва ҳатман шумораи нерӯҳои фаронсавӣ дар Афғонистон афзоиш меёбад."

Шумо дар бораи сафари вазири мудофаи Фаронса ба Афғонистон сӯҳбат кардед. Дар ҷараёни сафар хонум Мишел Аллио Марӣ аз Тоҷикистон ҳам зиёрат намуда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот кард. Дар бораи мавзӯъҳои баҳси ин вохӯрӣ тайсилот медодед?

Пиер Андриё: "Қаблан аз ҳама бояд гӯям, ки ҳар сол вазири мудофиаи Фаронса ду дафъа ба Афғонистону Тоҷикистон сафар карда, бо сарбозони фаронсавии мустақар дар ин кишварҳо вомехӯрад. Вале фарқи панҷ мулоқоти ахир ин аст, ки ҳамроҳ бо вазири мудофа гурӯҳи бузурги соҳибкорони фаронсавӣ ба Тоҷикистон меояд. 20 намояндаи ширкатҳои бонуфузи фаронсавӣ, аз ҷумла дар соҳаи тавлиди нерӯи барқ, ба Тоҷикистон омадаанд. Президент Раҳмонов на танҳо бо вазири мудофиа, балки ҳамзамон бо ҳайъати соҳибкорон вохӯрд. Ин мулоқот ҷолиб буд, зеро мо равобити хуби сиёсиву низомӣ бунёд намудаем, ва ҳоло мехоҳем равобити тиҷориву иқтисодии миёни Фаронсаву Тоҷикистонро тараққӣ диҳем."

Тибқи иттилоъе, ки аз Тоҷикистон расидааст, Фаронса мақсад дорад, дар вилояти Суғд як нирӯгоҳи барқии обӣ бунёд намояд.

Пиер Андриё: "Дар ҳақиқат мо ҳозир ҳастем, ки ба Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф ва аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқиву обӣ, ҳавопаймоии мулкӣ, сохтмон ва соҳаи бонкӣ кумак расонем, вале ҳоло ин масъалаҳо мавриди баҳс қарор доранд, ва ман чизе бештар аз он гуфта наметавонам."

Дар моҳи октябр ҳайъати Тоҷикистон зери раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмонов аз Фаронса боздид намуда, дар қароргоҳи Юнеско ва Гранд Операи Париж ҳунарнамоӣ карда буд. Фаронса ҳам дар Тоҷикистон чунин барномаҳои фарҳангӣ тарҳрезӣ кардааст.?

Пиер Андриё
"Бале, мисоли ахир намоишгоҳи аксҳои ҳунарманди маъруфи фаронсавӣ Ян Артуз Бертран дар шаҳри Душанбе аст. Ин намоигғшгоҳи дар Сенати Фаронса ҳам доир шуда буд. Аксҳои Бертран ба мардуми Тоҷикистон хуш омад. Бар илова, ӯ бо чархбол ба Помир сафар карда аз ҳаво чанд акси нав гирифт."

Ҳамчунин сафири Фаронса дар Тоҷикистон хотирнишон кард, ки кишвараш мунтахаби ашъори шоирони муосири Фаронса ба забонҳои тоҷикиву фаронсавиро дар ихтиёри хонандагони Тоҷикистон гузошт.
XS
SM
MD
LG