Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази минарӯбии Тоҷикистон: поккории минаҳо дар марз бо Ӯзбакистон шурӯъ нашудааст


Ҷонмуҳаммад Раҷабов мудири Маркази минарӯбии Тоҷикистон иддаои ҷониби Ӯзбакистонро дар мавриди оғози амалиёти поксозии марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон аз минаҳо такзиб кард.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш сафири Ӯзбакистон дар Душанбе баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки ниҳодҳои марбутаи кишвараш ба амалиёти хунсосозии минаҳо дар марзи ду кишвар оғоз кардаанд. Аммо мутахасисони Маркази минарӯбии Тоҷикистон мегӯянд, ки ба далели сардии ҳаво, барфпӯш шудани бисёре аз майдонҳои мина ва яхбандии замин кори гурӯҳҳои минарӯбӣ маъмулан қатъ мешавад.
Зеро майдонҳои мина умдатан дар манотиқи душворгузар ва кӯҳистонӣ воқеъ шуда ва чун минарӯбон аслан дар хаймаҳо ба сар мебаранд, кори онҳо дар чунин фасл мушкилтар мешавад. Гурӯҳҳои минарӯбии Тоҷикистон кори худро то фарорасии фасли гармо қатъ кардаанд.
Ниҳодҳои марзбонӣ ва амниятии Ӯзбакистон минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро бо баҳонаи пешгирӣ аз вуруди ҷангиёни Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистон ба хоки он кишвар минакорӣ карда буданд. Аммо то кунун даҳҳо сокини минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар асари бархӯрдан ба мина ва инфиҷор кушта шудаанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG