Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири нави Ӯзбакистон дар Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов эътимодномаи сафири нави Ӯзбакистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломовро пазируфт ва бо ӯ гуфтушуниде анҷом дод. Дар ин мулоқот президент Раҳмонов гуфт, кишвараш тарафдори ҳифзи анъанаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ бо Ӯзбакистон аст ва мехоҳад имконияту захираҳои мавҷудаи таҳкими тафоҳум ва ҳамкориро бо ин кишвар ба таври комилтар истифода шаванд. Сафири нави Ӯзбакистон низ гуфт, кишвараш хостори равобити ҳасана ва ҳамсоягии нек бо Тоҷикистон аст. Тарафҳо муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбакистонро дар чорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ ва равобити дуҷониба баррасӣ карданд.
Таври маълум, ду кишвар робитаҳои густарда доранд, вале ҳамзамон дар муносибати байни онҳо ноҳамвориҳое ба монанди убуру мурури шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон, нотамомии таъин ва аломатгузории марзҳо ва минакорӣ шудани онҳо аз тарафи Ӯзбакистон, харидуфурӯши нирӯи барқ, нафт ва газ ҷой доранд. Дар гузашта Ӯзбакистон Тоҷикистонро дар паноҳ додани ситезаҷӯёни Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон Ӯзбакистонро дар паноҳ додан ба сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев айбдор кардаанд.
Сафир Шоисломов аз соли 1994 то 1998 муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон аз аз 1998 то июни соли 2003 сафири Ӯзбакистон дар Русия буда, дар риштаи адабиёт ва фарҳанги форсӣ чандин рисолаи илмӣ таҳия кардааст.
XS
SM
MD
LG