Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо ба суханҳои нави Аҳмадинажод дар бораи Исроил


Созмони милали муттаҳид (СММ), Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои Аврупо ва Исроил суханони ахири президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро башиддат маҳкум карданд, ки гуфтааст, қатлиоми яҳудиҳо мавсум ба Ҳолокостро зери шубҳа гузошт ва гуфт, давлати Исроил бояд ба Аврупо кӯчонида шавад. Дабири кулли СММ Кофи Аннон дар як изҳороти хаттӣ навишт, аз суханони раҳбари Эрон такон хӯрдааст ва ин ҳам дар ҳоле ки ҳамагӣ дар моҳи гузашта Маҷмаъи умумии СММ Қатъномаи радди ҳама гуна шубҳа дар мавриди Ҳолокости Ҷанги ҷаҳонии дуюмро ба тасвиб расонд. Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтаҳои Аҳмадинажодро "комилан ғайриқобили қабул" хонда ва гуфт, дар баҳси мутамаддини сиёсӣ ба онҳо ҷой нест.
Президенти Эрон, ки дар моҳи октябр гуфт, Исроил бояд аз харитаи ҷаҳон руфта шавад, ин суханонро дар нишасти сарони Созмони конфаронси исломӣ дар шаҳри Макка, зодбуми дини ислом, дар нишасти матбуотӣ ба забон овард.
XS
SM
MD
LG